Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шукри Истиқлолият

Шукри Истиқлолият

18-08-2021, 08:41
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Шукри  Истиқлолият
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Дар ин баробар дигар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун як давлати мустақил эътироф намуданд. Аз замони соҳибистиқлол гардидан то ба имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи тараққиёт хеле пеш рафтааст. Ҳарчанд Истиқлолият дар як замони ҳассос ба даст омада буд вале нигоҳ доштани осоиштагии мардум коре буд начандон осон. Бинобар ин аксарият аз ба души худ гирифтани ин бори гарон худдорӣ намуданд. Вале Президенти ҳозираи кишвар бо як далериву ҷасурӣ ин масъулиятро ба зиммаи худ гирифт. Замоне, ки мардум майдоннишинӣ мекарданду давлат ноором буд. Маҳз ҳамин марди хирад баҳри барқарорсозии Истиқлоли кишвар саҳми арзандаи худро гузошта.

Бо ба даст овардани Истиқлол ва сайъу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо ва амн мубаддал гардид. Дигар рафту омад байни давлатҳои мухталиф рӯз то рӯз рӯ афзоиш ёфта, сатҳи иқтисодии кишвар низ рӯ ба беҳбудӣ овард.

Истиқлол ба шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз ҳама демократия, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёриро дод, ки инҳо яке аз неъматҳои арзишманде мебошанд.

Бо ба даст овардани Истиқлол Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти худ ба мисли пули миллӣ, парчаму нишон ва дигар унсурҳои миллӣ гардид.

Худи калимаи “Истиқлолият” маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ мебошад. Яъне бо ба даст овардани Истиқлол Тоҷикистонро 165 давлатӣ дунё эътироф ва шинохтанд. Дар ин баробар бо аксари ин давлатҳо Тоҷикистон равобити зич дар соҳаи иқтисод ва дигар соҳаҳо пайдо намуд.

Бунёди биноҳои наву замонавӣ корхонаву фабрикаҳо ва дигар иншоотҳои замонавӣ маҳз маҳсули дасти Истиқлолият мебошанд. Ин ҳама пешравиро дида дар дили ҳар як шаҳрвандӣ Ҷумҳурӣ ҳисси ватандустӣ дучанд мегардад. Шаҳрвандони мамлакат ҳамасола 9-уми сентябрро бо як тантанаву шаҳомати хосае ҷашн мегиранд. Чун ҳамагӣ медонанд, ки ба даст овардани Истиқлолият осон набуд. Бинобар ин ҳар як фарди Тоҷикистон шукргузор аз сулҳу осоиштагии мамлакат буда, дар таъмини амният ва пешрафти кишвар саҳми худро мегузоранд.

Вожаҳои “Ватан” ва “Истиқлолият” назди ҳар як сокини мамлакат маънии бузурге дошта дар тарбияи дурусти насли наврас ва ватандӯст ба воя расидани ҷавонони кишвар мусоидат менамояд. Беҳуда Истиқлолиятро арзиши бебаҳо ва яке аз бузургтарин дастовардҳои Тоҷикистон ном намебаранд.

Барои ба даст овардани “Истиқлолият” бевосита саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷ умҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бепоён мебошад. Маҳз ҳамин марди хирад дар раҳи ободии ватан тамоми ҳаёти худро бахшид. Имрӯзҳо кишвар бо сарварии ин шахси соҳибтаҷрибаву соҳибирода гул-гул шукуфта, рӯз то рӯз ҳусни тозае гирифта истодааст.

Сармухосиби КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Деваштич,

Нилуфар Носирова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: