Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 564 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 564 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

15-04-2020, 13:51
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 564 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидДар шаҳри Душанбе Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ шуданд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории ин озмун 564 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Ин озмун бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад»,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар Душанбе аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд дониста шуда, ба ӯ Шоҳзоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Шабеҳа, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и шаҳри Душанбе Шукрона Хоҷамқулова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятњои халқи тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии «Раҳнамо» Раҳнамо Муҳаммад ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабнам Одинаева бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.

Ба хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе Ифтихор Носиралиев барои иштироки фаъолона аз рўи чор номинатсия Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ тақдим карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: