Ҷон Керрӣ аз мушкилоти оташбаси Сурия ҳушдор дод24-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, қарордоди ниҳоӣ барои оташбас дар Сурия хушҳол аст.
Вай ҳамаи ҷонибҳоро барои риояи комили шартҳои ин қарордод даъват кард, хабар медиҳад Департаменти давлатӣ дар баёнияи махсус. Агар ин қарордод иҷро шавад ва ҷонибҳо онро риоя кунанд, оташбас имкон медиҳад, ки шиддати хушунат коҳиш ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба минтақаҳои муҳосирашуда бештар шавад. Вай ҳамчунин гуфт, ин қарордод ба раванди гузариши сиёсӣ ба ҳукумате, ки мардуми Сурия онро интизор аст, мусоидат мекунад. Ҷон Керрӣ ҳамчунин аз мушкилиҳои зиёде дар оянда дар мавриди иҷрои ин қарордод ҳушдор дод. “Ҳамаи тарафҳо бояд вазифаҳои худро тибқи ин қарордод риоя кунанду қатъномаи 2254 Шӯрои Амнияти СММ-ро комилан иҷро кунанд. Онҳо вазифадоранд аз ҳамлаҳо ба ҳамдигар, аз ҷумла бомбаборон худдорӣ кунанд”, - гуфт котиби давлатӣ. “Ҳамаи ҷонибҳо ҳамчунин бояд дар тӯли ин муддат тамоми талошро барои он сарф кунанд, ки ин даргирӣ бо роҳи сиёсӣ ҳалли худро пайдо кунад”, - афзуд Ҷон Керрӣ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.