Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

Пешвои миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

14-07-2021, 09:40
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Соли 2021 мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати хориҷии бисёрқутба ва пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоистаро ба даст овардааст.
Вобаста ба ин, мо мехоҳем дар бораи яке аз самтҳои муваффақ ва пурмаҳсули фаъолияти Роҳбари давлат «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» таҳлилу андешаҳои хешро иброз намоем.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар оѓози солҳои 90-уми асри ХХ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қадамҳои аввалинро ҷиҳати пойдор намудани мустақилияти кишвар дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ гузошта, устуворона ва тадриҷан пеш мерафт.
Аммо, дар ин давраи хеле ҳассос ва тақдирсоз дар ҷомеаи мо қувваҳои сиёсие пайдо шуданд ва мақсад гузоштанд, ки бевосита ба ин раванд халал расонанд ва вобаста ба манфиатҳои гурӯҳӣ, минтақавӣ ва ҳизбӣ тақдири халқи тоҷикро ба дасти худ гиранд.
Аввалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра шароити мусоид барои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияву ҳаракатҳои гуногун ба вуҷуд омад. Аммо, бар хилофи интизор, аксари ин ҳизбҳо ва ҳаракатҳо роҳи пешгирифтаи сиёсии худро на ба роҳи созандагӣ, рушди кишвар ва манфиатҳои миллӣ, балки ба ҳар васила дар ба даст овардани қудрати сиёсӣ медиданд.
Иловатан, дар ҷомеа доираҳои муайяни манфиатҷӯ пайдо шуданд, ки фаъолияти сиёсикунонии динро ба роҳ монда, ба ин васила, дини мубини исломро ба сифати яроқи идеологӣ барои ба даст даровардани ҳокимияти давлатӣ ҳамаҷониба мавриди истифода қарор доданд ва кишварро ба буҳрони шадиди сиёсӣ гирифтор карданд.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ ва пешгирии буҳрони сиёсӣ роҳбарияти давлат ва Ҳукумати вақтии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, то Ҳукумати муросои миллиро таъсис диҳанд. То кадом андоза зарур будани таъсиси Ҳукумати муросои миллиро таърих посух медиҳад.
Ба ҳамин тариқ, тамоми фаъолияти мухолифини Ҳукумат ба он равона гардид, ки дар ҷомеа вазъро ноором гардонида, ҳокимияти давлатиро ба дасти худ гиранд ва ин раванд торафт неру мегирифт. Дар натиҷа, кишвар ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ дучор гардида, мамлакатро бесарусомонӣ фаро гирифт, бенизомӣ ва беқонунӣ ҳукмрон гардид, сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ фалаҷ шуданд.
Бо вуҷуди таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, мухолифин ҳаракати тундравонаи худро идома дода, барои ѓасби пурраи ҳокимият амалҳои зиддиконститутсиониро анҷом дода, муддати кӯтоҳе қудрати сиёсиро ба даст дароварданд ва хостанд, ки сохти давлати исломиро ба сари мардум бор кунанд. Ин амалҳо тадриҷан норозигии мардумро ба вуҷуд оварда, ба ҳаракати умумихалқӣ табдил гардид ва аксарияти аҳолии минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ онро дастгирӣ намекарданд. Ҳамаи қувваҳои солим барои истиқрори қонуният ва ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд.
Барои гирифтани пеши роҳи ин фоҷиаи марговар дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он наҷотбахши соҳибдавлатии Тоҷикистон шуда, Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистонро барқарор ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар давраи нави рушд ва инкишоф оѓоз гардид.
Аммо баъд мухолифин аз мамлакат берун рафта, ба кишварҳои хориҷӣ ҷой гирифтанд ва худро мухолифи сиёсати пешгирифтаи давлати навбунёд эълон намуда, ба муқобили Ҳукумати қонунии кишвар барои расидан ба аҳдофи ѓаразноки хеш ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оѓоз карданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буда, доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардониданд. Мақсади асосии он бунёди давлати исломӣ ва ба сари халқи тоҷик иҷборан бор кардани фарҳангу мазҳаби бегона буд.
Дар он шабу рӯзҳо ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ва тамомияти арзии кишвар хатари нестӣ ва ба миллати тоҷик хатари парокандагӣ таҳдид мекард.
Вазъият ба муттаҳид кардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар Тоҷикистон амалкунанда эҳтиёҷ дошт.
Аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. ӯ ба таври хастанопазир ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он барои тасвири воқеияти фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданд, диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба рӯйдодҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд.
Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо ва роҳу воситаҳо истифода менамуданд, то ки пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва парокандагии кишварро бигиранд.
Бо ин манзур, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира, пеш гирифтем».
Ба ҳамин хотир аст, ки Роҳбари давлат барои ҳар чи зудтар расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бо роҳбарияти мухолифин музокиротро оѓоз намуд, вале ин раванд бо мушкилиҳо пеш мерафт.
Дар чунин вазъияти душвор барои Тоҷикистон ҳолате ба вуҷуд омада буд – худи вазъияти объективӣ тақозо мекард, ки барои пешрафти раванди музокирот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин қувваи иловагии такондиҳанда зарур аст.
Барои ба ин мақсад расидан, Роҳбари давлат эълон кард, ки омода аст бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар муколамаро оѓоз намояд ва изҳор дошт, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар чунин давраи тақдирсоз ва ҳассос бетараф набошанд ва дар раванди барқарории сулҳу субот дар кишвар бояд саҳмгузор бошанд.
Сипас, дар рафти вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки кишвар ба як созмони муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ дорад ва ба он ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, олимон, шоирону нависандагон, шахсони соҳибэҳтиром шомил бошанд, то онҳо бо нуфузи худ барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо мусоидат кунанд ва таъмингари сулҳу ризоияти миллӣ шуда тавонанд.
Ин иқдоми Пешвои миллатро ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо камоли майл ва рӯҳбаландӣ дастгирӣ карданд. Дар натиҷа, 11 марти соли 1996 «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ба имзо расид.
Аҳдномаро аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи дигар роҳбарони зиёда аз 30 ташкилотҳои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар имзо карданд.
Ин иқдоми бузург ва дурандешонаи Президенти кишвар барои ба раванди музокирот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ҷалб кардани ҷомеаи шаҳрвандии кишвар такони бузурге бахшид.
Барои амалӣ намудани ҳадафҳои Аҳднома Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ва Низомномаи он қабул гардид, ки вазифаи асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ва ҳамчун ниҳоди тавсеабахши муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пойдору бардавом намудани сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ фаъолият бурдан буд.
Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба ҳайси Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Интихоби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, иштироки бевоситаи ӯ ва суханрониҳояшон дар ҷаласаҳои Шӯрои мазкур шаҳодати эътирофи нақши муҳим ва мақоми баланди он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Дар даврони фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар замони Истиқлолият аввалин маротиба соли 2009 ва сипас, соли 2018 ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста бо таѓйиротҳое, ки дар раванди сиёсӣ-иҷтимоии кишвар рух доданд ва инчунин, бо омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба Низомнома таѓйироту иловаҳо ворид гардид.
Азбаски раванди демократикунонии ҷомеа доимо такомулёбанда мебошад, тадбир ва роҳҳои амалӣ намудани он низ диди навро тақозо мекунад.
Бо мақсади демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 1999 Фармони №2 «Дар бораи такмили ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҷумҳурӣ»-ро имзо кард, ки тибқи ин фармон дар 64 вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои ҷамъиятии ибтидоӣ таъсис ёфтанд. Инчунин, дар фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ вазифадор гардид, ки барои дар амал татбиқ намудани мақсадҳои зикршуда саҳми бевосита дошта бошанд.
Ин фармон санади муҳими ҳуқуқие мебошад, ки фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятиро дар сатҳи маҳалҳо ба танзим медарорад.
Имзои Аҳдномаи ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ташкили Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки шаҳрвандони кишвар иқдомҳои Президентро дар раванди ба низом даровардани ихтилоф бо мухолифин ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Дар аввал, “Аҳдномаи ризоияти ҷомеа” ба муҳлати 3 сол ба имзо расида буд. Баъдан, муҳлати фаъолияти онро ба муддати 5 сол тамдид намуданд ва сипас, дар соли 2002, муҳлати фаъолияти онро номаҳдуд эълон намуданд.
Дар давраи аввали фаъолият, солҳои 1996-2000, вазифаи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсӣ – қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, ба таъмини Ваҳдати миллӣ мусоидат намудан буд ва ба ҳамин саҳми сазовори хешро гузошт.
Дар давраҳои минбаъда, вазифаи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди демократия, ҳамчун шарики боэътимоди давлат саҳм гузоштан дар татбиқи “Стратегияи миллии Тоҷикистон то соли 2030”, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Ватан ба кишвари транзитӣ, инчунин, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар иборат мебошад.
Тоҷикистон дар ду даҳаи нахустини асри 21 ба ҷониби рушду созандагӣ қадамҳои устувор гузошта, дар кишвар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ки ин ба манфиати доираҳои бадхоҳи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон нест.
Дар ин иртибот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ѓаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд”.
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун ягона ташкилоте дар ҷаҳон аст, ки дар он иштирокдорон – аз як тараф роҳбарияти олии давлатӣ ва аз тарафи дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муҳокима ва қабули қарорҳо ба таври демократӣ ва баробарҳуқуқ ширкат мекунанд.
Маҳз бо ин сифатҳо Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти нодирест, ки дар дигар кишварҳо бо чунин шаклу хусусиятҳо вуҷуд надорад ва аз нуктаи назари илми сиёсатшиносӣ онро ҳамчун “Модели тоҷикии ҷомеаи шаҳрвандӣ” метавон ном бурд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ бевосита ва хоҳ бавосита ҳамеша дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо, масъалагузориҳо ва дархостҳои аъзои Шӯро мебошад. Бинобар ин, аксари идеяҳои созанда, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод мегарданд, дар вақти тартиб додани барномаю консепсияҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.
Таърих кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои муаззами миллати мо дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳои шоиста намуда бошад.
Дар замони ҷаҳонишавию бархӯрди тамаддунҳои дунё ва торафт мураккаб гардидани равандҳои сиёсию иҷтимоӣ дар ҷомеа зарурати бештари фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос мешавад. То кунун Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ниҳоди муттаҳидкунандаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он шинохта шудааст ва мувофики мақсад аст, ки дар оянда низ ин рисолати хешро бо дарёфти шаклҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияташро ҳамаҷониба идома медиҳад.
Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: