Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ваҳдату ҳамдастӣ

10-02-2017, 09:48
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдату ҳамдастӣ
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияву иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ – ҳамчун нерӯи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ бояд дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок намоянд». Маҳз баҳри расидагӣ намудан ба чунин таклифи хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат. неруҳои солиму созандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи мизи гуфтушунид ҷамъ омада, тӯли фаъолияти зиёда аз бистсолаи худ назару андешаашонро ба ниҳодҳои давлатӣ воқеъбинона ва бо дарназардошти манфиатҳои давлату миллат пешниҳод намуда истодаанд.
Тарғибу густариши дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, эҳёи анъана ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти таъриху тамаддуни тоҷикон, ҷалби ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандону барҷомондагон, посдориву эҳтироми муқаддасоту рукнҳои давлатдорӣ, интиқоди ҷинояткориву кирдорҳои номатлуб, муқовимати шадид ба коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муборизаи қотеъона бо терроризму экстремизм, пешгирии бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар аъмоли созандаю нафъовари аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти кишвар қарор дошта, маҳз чунин натиҷагирӣ низ дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Деваштич, пас аз шунидани ҳисоботи солонаи Раиси Шӯро – Рустам Ҷуразода, аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Даврон Эргашев – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Зебӣ Азимова – мудири бахши кор бо занон ва оила, Комрон Исмоилиён – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва Юсуфхон Баҳодуров – котиби Кумитаи ибтидоии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар ноҳия ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли сипаригардида баҳои қаноатбахш дода шуд. Инчунин ҷиҳати густариши фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ва ба талаботи марҳилаи ҳозира мутобиқ намудани он чанд таклифу пешниҳодҳо карда шуданд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафоат Каримова – муовини раиси Шӯро ва мавриди арзёбӣ қарор додани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамияти ҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2020» - Маъмур Шарифзода – муовини раиси ноҳия маърӯза намуданд.
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Деваштич бо ворид намудани тағйирот ба ҳайат ва тасдиқи нақшаи Шӯро хотима пазируфт.

Сарвар Саидов –
роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: