Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҳ ва усулҳои нави фаъолияти Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи имрўза

Роҳ ва усулҳои нави фаъолияти Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи имрўза

24-05-2018, 08:27
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Роҳ ва усулҳои нави фаъолияти Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар марҳилаи имрўза

Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Наврўз»-и шаҳри Душанбе, 27-уми январи соли 2017 бахшида ба 20-солагии таъсиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шўрои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Дар машварати корӣ аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Раиси Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ суханронӣ намуда, Шўрои ҷамъиятиро вазифадор карданд, ки минбаъд дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар доираи фаъолиятро пурзўр намоянд, созмонҳои нав ва ташкилоту иттиҳодияҳоеро, ки ташаббусу ибтикороти созанда доранд, ба Шўро ҷалб шаванд, бахусус аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони болаёқат бештар ба Шўрои ҷамъиятӣ аъзо гарданд. Дар баробари ин таъкид шуд, ки Низомномаи Шўро таҷдиди назар гардида, вобаста ба ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи нави иқтисодию иҷтимоӣ такмил дода шавад.
Пешвои миллат инчунин қайд карданд, ки Шўрои ҷамъиятӣ дар таҳияи қонунҳои миллӣ саҳм гузорад, пешниҳодҳои худро барои такмили барномаҳои стратегии давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор манзур намояд, аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода карда, ҳамчун воситаи муколамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳокимияти давлатӣ дар оянда низ корҳои назаррасро ба анҷом расонад.
Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ, ҷиҳати иҷрои супориши Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи такмили Низомномаи Шўрои ҷамъиятӣ гурўҳи кориро дар ҳайати мутахассисони варзида, ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ва намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дод.
Гурўҳи корӣ дар муддати фаъолияти худ фикру андеша ва мулоҳизаву пешниҳодҳои аъзои Шўрои ҷамъиятиро ҳамаҷониба омўхта, таҷрибаи фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Федератсияи Россияро низ мавриди омўзиш қарор дода, лоиҳаи нави Низомномаи Шўрои ҷамъиятиро омода намуд.
Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи такмилшудаи Низомнома ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати гирифтани фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои онҳо ирсол гардид.
Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятӣ якҷо бо Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо назардошти пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Низомномаро такмил дод. Лоиҳаи такмилшуда бо сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва ба забони русӣ тарҷума гардид.
Санади мазкур 27-уми декабри соли 2017 дар ҷаласаи васеи Шўрои ҷамъиятӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аъзои Шўро лоиҳаи мазкурро маъқул донистанд ва барои тасдиқ намудан ба Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми апрели соли 2018 лоиҳаи такмилёфтаи Низомномаи Шўрои ҷамъиятиро ба имзо расониданд.
Дар Низомномаи такмилшуда бандҳои нави ваколатҳои Раиси Шўрои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои Котиботи Шўро, мақоми ҳуқуқии котиботи Шўро инчунин иловаҳои нав ба ваколатҳои Шўро, кори кумитаҳои соҳавӣ, комиссияҳо ва гурўҳҳои кории Шўро муқаррар карда шудаанд, ки ин таҷрибаи аввал дар тўли фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ аст.
Тибқи Низомнома Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми намояндагӣ, таҳлилию машваратӣ ва ҳамоҳангсозиро доро буда, мақсади асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии озод дар Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Меҳвари фаъолияти серпаҳлўи Шўроро намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиро, пеш аз ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматиро намояндагӣ мекунад. Хусусияти хоси Шўрои ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки аъзои он на шахсони алоҳида, балки ташкилотҳои ҷамъиятие мешаванд, ки ҳамаи усулҳо ва муқаррароти онро дастгирӣ менамоянд, метавонанд ба узвияти Шўро пазируфта шаванд ва ин узвиятро бо имзои худ тасдиқ намоянд.
Шўро ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандони алоҳида, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки аъзои Шўро мешаванд аҳамият дода, ин гуна зуҳуротро таҳқиқ мекунад ва ба мақомоти дахлдор бо тавсияҳо муроҷиат менамояд.
Айни замон 77 (ҳафтоду ҳафт) ташкилоти ҷамъиятӣ аъзои Шўрои ҷамъиятӣ мебошанд. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дастури Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар машварати корӣ бо аъзои Шўрои ҷамъиятӣ 27-уми январи соли 2017 дар самти ба сафи аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ҷалби созмонҳои нав, ки ташаббуси созанда доранд, амалӣ намуда истодааст. Дар соли 2017 Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» ба узвияти Шўро пазируфта шуд.
Шўрои ҷамъиятӣ моҳиятан ниҳоди машваратист. Бо ин мақсад, ҷиҳати таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ фаъолиятро дар ин самт ба таври густурда ба роҳ мондааст. Аз ин рў, дар шароити кунунӣ Шўрои ҷамъиятӣ майдони фарох, минбари озод барои муколамаи доимӣ миёни ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар он масъалаҳои доғи рўз дар сатҳи тахассусии баланди коршиносон таҳлил ва баррасӣ гардида, роҳҳои ҳалли дурусти онҳо дарёфт мешаванд. Шўрои ҷамъиятӣ аъзои худро сарфи назар аз гуногунандешии сиёсӣ, ҳангоми ба миён омадани масъалаҳои муҳиме, ки манфиатҳои милливу давлатӣ аз онҳо вобастагӣ доранд, дар атрофи як андешаи созанда муттаҳид карда метавонад.
Фаъолияти бистсолаи Шўрои ҷамъиятӣ собит сохт, ки он ташкилоти ҷамъиятии фаъол буда, ҳамеша дар пайи амалишавии ташаббусҳои нав дар ҷомеа мебошад. Дар дигар кишварҳо шўроҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, аммо онҳо аз ҷиҳати сохтор, вазифаҳо ва самтҳои фаъолият аз Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ фарқ доранд. Хусусияти хоси Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон боз дар он зоҳир мегардад, ки Шўро дар муддати бист соли фаъолияташ ба мактаби гуногунандешӣ, муошират ва минбари музокироту мубодилаи афкор табдил ёфт.
Фаъолияти Шўрои ҷамъиятиро бидуни нақши ҳамоҳангсозӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Он ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкориро миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мемонад. Инчунин, Шўро сохтори ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ буда, дастуру супоришҳои Раиси Шўроро иҷро менамояд, фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишварро низ ҳамоҳанг месозад.
Пешбурди фаъолияти Шўро бидуни таҳлили амиқу хулосабарории ҳаматарафа имкон надорад. Таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани ташхис ва таҳлили онҳо, баррасии ҷамъиятии масоили муҳимми иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо кори доимии Шўрост.
Самти дигари доираи фаъолияти Шўро ба таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, равона гардидааст.
Шўрои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои назоратӣ буда, бо мақсади мувофиқа кардани фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо Шўро нақшаи кории онҳоро меомўзад, баррасии ҳисоботи онҳоро тибқи ҷадвали алоҳида дар Шўро таъмин мекунад, рафти иҷрои қарор ва супоришҳоеро, ки барои иҷрои онҳо шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо масъуланд, назорат менамояд.
Доираи фаъолияти кумитаҳои соҳавӣ, комиссияҳо ва гурўҳҳои кории Шўро васеъ гардида, онҳо оид ба фаъолияти худ дар шаш моҳ як маротиба ба котиботи Шўро ахбор пешниҳод мекунанд.
Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ чун ҳамаи ниҳодҳои воқеӣ мақоми ҳуқуқӣ дошта, дар доираи муқаррароте, ки Низомнома муайян намудааст, амал мекунад.
Шўрои ҷамъиятӣ шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоии миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ба сифати шарики боэътимоди давлат муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин менамояд.
Шўрои ҷамъиятӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа мусоидат намуда, алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, чун терроризм, экстремизм, терроризми байналмилалӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ муқовимат менамояд.
Инчунин, Шўрои ҷамъиятӣ, дар амалисозии се ҳадафи стратегии давлат - таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва инчунин, дар татбиқгардонии барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамуҳлат – то соли 2021 ва иҷрои Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2030 фаъолона ширкат менамояд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Пеш аз ҳама санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудаанд қабул гардидааст. Сиёсати фаъолонаро, ки барои ба эътидол овардани иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст пеш бурда истодааст. Инчунин, ба созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва ташкилотҳои динӣ барои истифодаи воситаҳои ахбори омма имкониятҳои баробар фароҳам оварда шудааст.
Ҳадафи дигари Шўрои ҷамъиятӣ ҷустуҷў ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан, байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тарафҳои дигари манфиатдор бо мақсади ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа мебошад.
Тибқи Низомномаи такмилшуда ба ваколатҳои Шўро иловаҳои нав ворид гардиданд. Тибқи онҳо Шўро ҳисоботи шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ мекунад, иҷрои дақиқи тавсияҳо, изҳороту муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар санадҳое, ки дар ҷаласаҳои Шўро қабул карда мешаванд, таъмин менамояд, бо пешниҳоди Раиси Шўро масъалаи қабули аъзои нави Шўрои ҷамъиятиро баррасӣ менамояд, ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳое, ки аз Низомнома ва Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ бармеояд, амал мекунад, бо пешниҳоди Комиссияи Шўро оид ба одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ баррасии масъалаи аз ҳайати Шўро хориҷ намудани аъзои Шўрои ҷамъиятиро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Ҳамчунин, ба Низомнома банди нав оид ба ваколатҳои Раиси Шўрои ҷамъиятӣ ворид гардид. Ин ваколатҳо чунинанд: Раис роҳбарии умумии фаъолияти Шўро ва шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро амалӣ менамояд, ҳангоми иштирок дар ҷаласаҳои Шўро онро раисӣ мекунад, нақшаи солонаи кори Шўроро тасдиқ менамояд, ҷаласаҳои ғайринавбатии Шўроро даъват мекунад, дар ҳолати ҳузур надоштанаш дар ҷаласаҳои Шўро намояндаи комилҳуқуқи худро барои иштирок дар ҷаласаҳои Шўро таъмин мекунад, масъалаҳоро барои баррасӣ ба Шўро пешниҳод менамояд, санадҳои дахлдори аз ҷониби Шўро қабулгардидаро имзо мекунад, созишномаҳои басташударо оид ба ҳамкориҳо, ки миёни Шўро ва шўроҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ имзо мекунад, бо ризоияти Шўро котиб-ҳамоҳангсозро таъин мекунад, котиботи Шўроро таъсис медиҳад ва дигар вазифаҳоро, ки барои татбиқи ҳадафҳои Низомнома равона гардидаанд, иҷро менамояд.
Аслан, тамоми фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ аз ибтидои таъсисёбӣ то имрўз таҳти назорат ва раҳнамоии бевоситаи Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Пешвои миллат ҳамеша аз фаъолияти Шўро, ҷараёни баҳсу мунозираҳо, масъалагузориҳо ва дархостҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ба тариқи гузориш хабардор карда мешаванд. Гузашта аз ин, пешниҳодҳои муҳим ва созандаи аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, ки дар ҷаласаҳои он иброз гардидаанд, аз ҷониби Раиси Шўрои ҷамъиятӣ мавриди омўзиш қарор мегиранд ва дар матни паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳангоми таҳияи барномаву консепсияҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаю чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Тибқи банди нав дар Низомнома бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки Шўро котиботи Шўро дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин гардид: фаъолияти мунтазами Шўроро таъмин мекунад, дар мувофиқа бо раиси Шўро мавзўъ ва рўзи баргузории ҷаласаи Шўроро муқаррар менамояд, омодагӣ ва баргузории ҷаласаҳои Шўроро таъмин мекунад, дар муддати на кам аз се рўзи пеш аз ҷаласаи Шўро аъзои Шўроро бо рўзнома, барнома ва маводи ҷаласа таъмин менамояд, баъди бо намояндаи комилҳуқуқи Раиси Шўро мувофиқаи пешниҳоди Комиссияи Шўро оид ба одоби аъзои Шўро дар бораи аз узвияти Шўро хориҷ намудан, масъалаи мазкурро ба рўзномаи ҷаласа ворид менамояд, ҳамчунин баъди қабули қарори дахлдори Шўро оид ба ин масъала ба Раиси Шўро ахбор манзур мекунад, лоиҳаи нақшаи солонаи кори Шўроро бо дар назар доштани муҳокимаи он дар ҷаласаи Шўро такмил дода, барои тасдиқ ба Раиси Шўро пешниҳод мекунад, рафти иҷрои қарорҳои Шўро ва дастуру супоришҳои Раиси Шўро, инчунин кори комиссия, кумита ва ё гурўҳҳои кории Шўроро зери назорат қарор медиҳад, протоколҳои ҷаласаи Шўроро имзо мекунад, ҷиҳати таъмини иҷрои тавсияҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Шўро қабул шудаанд, ба мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат менамояд.
Банди нави Низомнома фаъолияти таблиғотии Шўрои ҷамъиятиро муассиртар месозад. Минбаъд, доираи фаъолияти таблиғотии Шўрои ҷамъиятӣ васеъ гардида, Шўро дар доираи салоҳияти худ ва бо мақсади амалӣ намудани талаботи Низомнома назарсанҷӣ, муколама, мизҳои мудаввар, конференсия ва семинарҳо баргузор менамояд.
Ҳамин тариқ, Низомномаи такмилшуда ба Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳамчун шарики боэътимоди давлат фаъолияташро вобаста ба таҳаввулоти замони муосир ба роҳ монад, таваҷҷуҳи худро ба ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ, муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инкишофи раванди демократикунонии ҷомеа ва инчунин идомаи муколамаи озод миёни мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардонад. Якҷо бо шўроҳои ҷамъиятии дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалкунанда, ҷиҳати татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ менамояд.

Н. Саидов, Котиби ҳамоҳангсози
Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: