
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бади гардиши бозори китоб дар кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ӯ дар нишасти матбуотие, ки рўзи 26 июл баргузор шуда буд, гуфт: “Мо дар хазинаи нашриёти “Адиб” қариб 5 миллион китоб дорем, аммо гардиши китоб хеле суст буда, фурӯши он ба кундӣ пешмеравад. Ҳамарӯза даҳҳо ташкилот ба мо муроҷиат мекунанд, ки барояшон ройгон китоб диҳем, аммо мо чунин имкон надорем. Китоб бояд ҳамчун мол дар бозор гардиш кунад”.
Вай дар посух ба иддаои гарон будани нархи китоб қайд кард, ки китобҳои мо гарон нестанд. Масалан, як китоби Носири Хусрав 22 сомонӣ арзиш дорад. – Ин пуле нест? Сари ҳар қадам мағозаҳои машрубот фаъолият дорад. Фурўши як шиша арақи навъи олӣ дар онҳо то сад доллар аст. Мардум онро мехаранд, аммо китоб намехаранд-афзуд вазири фарҳанг.
Чунин мушкилотро ба инобат гирифта, Орумбекзода пешниҳод кард, ки теъдоди мағозаҳои китобфурӯшӣ зиёд карда шавад ва ҳатто дар назди ҳар як масҷид мағозаи китоб кушода шавад, - афзуд номбурда.
Саида Хоҷаева