Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Панҷоҳ ҳазор китоб дар намоишгоҳи "Китоби Душанбе"

Панҷоҳ ҳазор китоб дар намоишгоҳи "Китоби Душанбе"

19-10-2018, 10:11
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
Панҷоҳ ҳазор китоб дар намоишгоҳи "Китоби Душанбе"

Шурӯъ аз асарҳои Антон Чехови рус то Александр Дюмаи фаронсавӣ, китобҳо аз сарнавишти Отатурку таърихи Узбакистон то рубоиёти Хайёму адибони муосири тоҷикро дар намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии "Китоби Душанбе" пайдо кардан мумкин аст.

Дар ин намоишгоҳ ҳудуди 50 ҳазор китобҳои мухталифи адабиву илмӣ ва таълимӣ ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ рӯзи 18-уми март дар Китобхонаи давлатии кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар шурӯъ ба кор кард.

Намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар ин намоишгоҳ ширкат доранд, ин маросимро фурсати хубе барои таблиғи забономӯзӣ ва адабиёташон унвон карданд. Бар асоси мушҳоҳидаи онҳо, аксаран кӯдакон ва наврасони тоҷик ба забон ва адабиёти хориҷӣ рағбат доранд.

Этен Лансело, атташеи фарҳангии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар робита ба завқи хонандаи тоҷик ба адабиёти Фаронса гуфт, хонандаи тоҷик асосан ба китобҳои адибони фаронсавӣ, ба монанди Виктор Гюго, Александр Дюма ва дигарон таваҷҷӯҳ доранд.

Вай афзуд, ки онҳо дар гӯшаи китобҳои фаронсавӣ як чанд намунаи ин китобҳоро ба намоиш гузоштанд ва асосан шумораи бузурги китобҳои бачагонаро пешниҳод карданд.

Хонандагон аз баргузории чунин як намоишгоҳи китоб истиқбол карда ва мегӯянд, ҳарчанд инчунин намоишгоҳҳо барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ ва муаррифии китобҳои нав мусоидат мекунад, аммо ҳанӯз ҳам ин барои боло бурдани фарҳанги китобхонӣ кофӣ нест. Абдураҳмони Абдуманнон, адиби тоҷик ба зарурати таблиғи китобхонӣ таъкид кард ва гуфт, ташкили фурӯши китоб ва тарғиби он бояд беҳтар ба роҳ монда шавад.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: