Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Александр Широкорад: Бозии абарқудратҳо…

Александр Широкорад: Бозии абарқудратҳо…

11-02-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 599 нафар
Назарҳо: 0
Александр Широкорад: Бозии абарқудратҳо…
Аз таърих ба мо маълум аст, ки Либия, Сурия ва Ироқ давлатҳое ҳастанд, ки аз ҷониби абарқудратҳои Ғарб ба тариқи сунъӣ бино шудаанд. Тақрибан сад сол пештар ин кишварҳо дар зери тасарруфи Империяи Усмонӣ буданд. То ғасби туркҳо,танҳо давлати Сурия арзи ҳастӣ мекард. Тақрибан 300 сол пештар то солшумории мелодӣ давлате бо номи Селевкидҳо вуҷуд дошт, ки пойтахти он шаҳри Антиохия буд. Алҳол, дар ҷои он яке аз шаҳрҳои хурди Туркия Антакия ҷойгир шудааст.

Ҳанӯз соли 1921 англисҳо дар марзи ин се музофоти усмонӣ давлати алоҳидаи Ироқро барпо карданд ва ба он Файсал ном шахс амир интихоб гардид.

Соли 1951 ҳукумати истилогарои Амрико колонияи итолиёвиро забт намуда, ба он унвонии «Шоҳигарии Ливия»-ро доданд. Ба ин давлати навтаъсисёфта Идрис- ас-Сануссиро шоҳ интихоб карданд.

14-уми июли соли 1958 дар Ироқ табаддулоти ҳарбӣ рӯй дод ва подшоҳ Файсал бо тамоми пайвандону наздиконаш ба қатл расонида шуд ва ба тахт полковник Абдул Карим Қосим нишаст.

То аввали соли 1970 дар Сурия ва Ироқ , 20 табаддулоти ҳарбӣ ба вуқуъ пайваст ва соли 1970 қудрат ба дасти Ҳафиз ал- Асад гузашт. Баъди панҷ сол ба сари ҳокимият мустабид Садам Ҳусейн омад.

Инак, дар аввали асри 21 Ливия, Сурия ва Ироқ се мустабиди бузург доштанд ва дар ин давлатҳо ягон намуди ҳуқуқҳои инсонӣ риоя карда намешуд. Мардум ҳам то дараҷае ба ин режим одат карда буданд ва дар ин давлатҳо на сиёсатмадор дида мешуду на рушанфикр, ҷомеа бо яроқ иҷборан идора мешуд . Ин мазмун мувофиқи гуфтаи Мао Цзэдун «Аслиҳа қудратро ба вуҷуд меорад» ва воқеан ҳам ин қудрат солиёни зиёде идома ёфт.

Билохира , ин се мустабид аз тарафи Амрико ва давлатҳои Ғарб нест карда шуданд. Баъди ин дар Шарқи Наздик ҷанги шаҳрвандии бе хати сарҳад оғоз шуд. Пеш аз ҳама курдҳои Туркия, Сурия ва Ироқ барои ба даст овардани истиқлолияти давлатии худ ба мубориза бархостанд ва то ҳанӯз он идома дорад. Мустақилият хостани курдҳо аз ҷониби тамоми давлатҳои Шарқи Наздик ба ҷуз Исроил дастгирӣ намеёбад. Тель-Авив курдҳоро ҳамчун қувваи неруманд, дар ҳолатҳои зарурӣ ба муқобили душманони худ ҳисоб мекунад.

Баъди ҳодисоту воқеоти дар Сурия ва Ироқ рӯйдода, нигоҳи қисме аз давлатҳои Шарқи Наздик нисбат ба курдҳо тағйир ёфт. Туркия, ки яке аз рақибони асосии курдҳо дониста мешуд, имрӯз кӯшиш дорад, ки ба хотири оромии минтақа муносибаташро ба онҳо хуб намояд.

Ҳатто Амрико мехоҳад дар музофоти курднишин ду майдони ҳавоӣ созад, вале Анқара аз қудратманд гардидани онҳо ҳаросида, кӯшиш мекунад, ки ин андеша амалӣ нагардад.

Ба назар чунин мерасад, ки Қасри Сафед имрӯз намедонад, ки нисбат ба Шарқи Наздик чӣ хел муносибат кунад. Агар ба ин мамлакатҳо артиши ниммиллионнафараро ҳам равона созад, ба назари ман манфиатбахш нест,балки қурбонии зиёд мешавад ва он оқибат норизогии мардуми Амрикоро ба вуҷуд меорад. Ба назари ман , бе ҳамлаи заминӣ тамоми давлатҳои дар ин ҷанг шомил шуда, наметавонанд нисбат ба ДИИШ ғалаба кунанд.

Қувваҳои мусаллаҳи опозитсионии ин давлатҳо бошад ба артиши ягона монандӣ надоранд. Онҳо гурӯҳҳоеро мемонанд,ки дар алоҳидагӣ амал мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо мардумони осоишта аз ҳисоби онҳо зарар мебинанд.


Амрикоиҳо Сурияро аз тарафи шимолу шарқ аз майдонҳои ҳавоии Туркия бомбаборон мекунанд ва ҳамаи қувваҳои неруманди онҳо на танҳо ба артиши Сурия манфиат меоранд, балки хисороти калони иқтисодиро ба бор оварда, мардуми бегуноҳи зиёде кушта мешавад.

Қисмати баҳри Миёназамин бошад, аз тарафи қувваҳои зиддиҳавоии Сурия сахт муҳофизат карда мешавад. Алҳол дар ин самт ракетаҳои С-400 Русия гузошта шудаанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро русҳо ба Сурия ворид шудаанд?

Бояд гуфт, ки русҳо пеш аз ҳама бо хоҳиши ҳукумати қонунии Сурия ба ин кишвар ворид гаштаанд ва баъдан бояд хотиррасон намуд, ки ҳанӯз аз соли 1950-ум сар карда карда, Сурия яке аз шарикони наздики Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар ҷойи дигар имрӯз дар сафҳои « Давлати исломӣ» зиёда аз 3 ҳазор шаҳрвандони Русия меҷанганд ва яке аз коршиносони рус Евгений Сатановский гуфтааст, ки « тамоми магасҳои зараррасони Русия дар болои як саргин ҷамъ шудаанд ва нест кардани онҳо алҳол хеле осон шудааст.» Аммо суоле ба миён меояд, ки оё Русия метавонад дар якҷоягӣ бо артиши Сурия аз болои размандагони ДИИШ ғалаба кунад? Ба назари ман ин ғайриимкон аст. Пас чаро артиши Руссия ба Сурия фиристода шуд?

Агар ба ин мазмун ба тариқи рамзӣ ҷавоб гардонем, Русия барои Амрико ва дигар мамлакатҳои ғарб устухонеро мемонад, ки устухон дар гулӯи онҳо гаштааст.

Ба назари банда алҳол Қасри Сафед роҳи халосӣ ёфтанро аз буҳрони Шарқи Наздик дорад;

1) Амрико бояд чун солҳои 1941-1945 бо Русия иттифоқ бандад ва ин метавонад ҷангро дар ним сол хомӯш кунад.

2) Қӯшунҳои хушкигард аз тарафи шимолу шарқи ноҳияҳои Сурия, дар якҷоягӣ бо размандагони курдҳо бояд ба мубориза бархезанд.

3) Идома додани зарбаҳои ҳавоӣ, агарчӣ ин ҷангро давомнок мекунанд, вале он оқибат метавонад ғолибият ба даст орад.

Дар охир бояд ҳаминро иброз дорам, ки ҷанги Сурия барои абарқудратон бозиеро мемонад, ки дар он бозингарон ҳеҷ гоҳ ғолибиятро ба даст намеоранд.
©Тарҷумаи Т. Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: