Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Александр Зуев6-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 5-уми феврали соли равон Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.
Тавре аз дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ доданд, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ, натиҷаҳои фаъолияти БРСММ дар соли 2015, аз ҷумла ҳамоҳангсозии чорабиниҳои соли 2016, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки ҳамзамон ҷонибҳо оид ба иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии дарпешистода бахшида ба 50-умин солгарди БРСММ, ки рӯзи 24 феврали соли равон дар ш. Ню-Йорк баргузор мегардад, табодули назар карданд. ©И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.