Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамоиш дар донишкада

Ҳамоиш дар донишкада

22-02-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиш дар донишкада
Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Сарвари давлат, фаҳмонида додани мақсади ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон ҳамоиш баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сардори маркази тадқиқотӣ-стратегии ҷумҳурӣ Муминова Фарида, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Келдиёров Тоҷибоӣ, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДХ Ҷабборов Иброҳим, Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода, намояндагони сохторҳори қудратӣ, фаъолони ҳизб ва зиёда аз 500 нафар донишҷӯёну устодони донишкада иштирок намуданд.

Нахуст суханро Раиси шаҳр оғоз намуда, оиди мақсаду мӯҳтавои чорабинӣ қайд кард. Муминова Ф. зимни баромади худ оиди масъалаҳои маркази Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Тавре таъкид гардид, натиҷаи тадқиқодҳо нишон доданд, ки дар шароити мураккаби бӯҳрони иқтисодӣ суръати афзоиши иқтисодиёти ҷаҳон 3% буда, ин нишондиҳанда дар ватани мо ба 6% расидааст, ки ин дастоварди назаррас барои кулли сокинон мебошад. Дар рафти сухан оиди сол аз сол кам гардидани қарзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирандешиҳо баҳри ба давлати транзитӣ табдил додани кишвар, ҷалби ҷавонон ба илмомӯзиву касбомӯзӣ ва аз худ кардани забон, ҳама сол бештару беҳтар рушд ёфтан иқтисодиёти кишвар иброз карда шуд.

Ҷабборов И. дар баромади худ иштирокчиёнро бо лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Контитутсия шинос намуда, оиди онҳо шарҳи муфассал дод. Даъват ба амал оварда шуд рӯзи раъипурсӣ сокинон сарҷамъона ва мутташакилона иштирок намуда, мавқеи худро муайян кунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: