Натиҷагирии рушди соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳри Чкалов14-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 462 нафар
Назарҳо: 0
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Қудрат, раисони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, фаъолони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок карданд. Маҷлисро Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда, сароғоз аҳли нишастро ба муносибати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» табрик намуд.
Дар рӯзномаи маҷлис як масъала – ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар шаҳри Чкалов дар соли 2015 баррасї шуд. Аз рӯи масъалаи мазкур муовини аввали Раиси шаҳр Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода ҳисобот дод. Ҳамчунин Директори кулли КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» Маҳмудов Қ., мудири шуъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Сатторзода С., мудири бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мансуров Н. мудири шуъбаи маориф Икромиддинов Ҷ., Сардухтури БМШ Абдуллоев У., директори РХМК Раҳматов К. ба сухан баромада, оиди масъалаҳои зиёд намудани ҷои корӣ ва ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолӣ, ба роҳ мондани робита бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таълим ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, сабабҳои паҳншавии бемории сил ва бемориҳои бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ сироятшаванда, тозагии маҳаллаҳои ва корҳои ободонӣ дар шаҳри Чкалов сухан ронданд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Файзуллозода З.Қ. оиди фаъолияти мақомоти иҷроияи шаҳри Чкалов ва сохторҳои ба он марбута дар давоми соли 2015 фикру андешаҳои худро баён намуда, баҳри ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидан ва барои гардонии зиндагии сокинони шаҳр андешаҳои худро иброз кард. Дар охири маҷлис аз ҷониби Файзуллода З.Қ. ва Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба масъулину фаъолон вазифаҳои мушаххас супорида шуд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Чкалов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.