Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор…»

«Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор…»

5-01-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
«Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор…»
Бо мақсади қадрдонӣ намудани хизматҳои шоиста ва ба ҷавонон нишон додани роҳи пуршарафи яке аз омӯзгорони пешқадами шаҳри Чкалов, вакили мардумӣ Сайдуллоева Марҳабо дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов ьамоиш баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба муносибати 60-солагии Сайдуллоева М. бахшида шуда, дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони кумиҷроия, фаъолону собиқадорони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Муовини Раиси шаҳр Мухторов К. соҳибҷаншро аз номи Раиси шаҳр, ҷомеаи меҳнатии мақомоти иҷроия ва кулли сокинони шаҳр табрик намуд. Дар табрикоти худ мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳрӣ Бобоева Ш. оиди хизматҳои Сайдуллоева М. ҳамчун вакил ва фаъоли ҳизб дар ҷодаи корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ва ба корҳои созандагӣ сафарбар намудани аҳли ҷомеа сухан кард. Ҳамчунин устодони муассисаҳои таълимии зимни табрикотҳояшон оиди роҳи пуршарафе, ки Сайдуллоева М. дар давоми солҳои тӯлонӣ тай намудааст, қайд карданд. Марҳабо Сайдуллоева дар навбати худ аз чунин қадршиносӣ миннатдорӣ баён намуда, оиди фаъолияти пурсамари худ таҳти рохбарии устодон Ҷӯрабек Муродов, Мирсаид Миршакар ва дигарон ба ҷавонон нақл карда, онҳоро барои содиқу ҷонфидо будан, ба Ватану давлати худ ҳидоят намуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: