Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ тайёрӣ мебинад, аммо…

Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ тайёрӣ мебинад, аммо…

19-02-2021, 11:10
Хабарро хонданд: 55 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ тайёрӣ мебинад, аммо…
Кумитаи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки ин ниҳод бо сохторҳои марбутааш дар самти омодагӣ ба мавсими "Ҳаҷ-2021 " кор мебаранд.
Ин матлаб зимни нишасти матбуотӣаз сўи раиси кумитаи номбурда Сулаймон Давлатзода дар ҳафтаи гузашта ба рўзноманигорон изҳор гардид.
«Бо сабаби пандемияи коронавирус, сафари ҳаҷи соли гузашта ба анҷом нарасид, агарчӣ рўихати зоирон таҳия шуда буд. Имсол дар сурати боз шудани роҳ мо бар асоси ҳамон феҳраст хоҳишмандонро мефиристем. Аммо дар ҳоли ҳозир мо мунтазири иҷозати мақомоти Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷҳастем», - шарҳ дод ў.
Ў таъкид кард, анҷоми маросими ҳаҷи имсола низ танҳо вобастаи мо набуда, марбути ду кишвар- Тоҷикистон ва Арабистон аст.
Ба гуфтаи С.Давлатзода, бовуҷуди ин, кор дар мавриди сабти дубораи номи зоирон дар тамоми минтақаҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Душанбе ва дар минтақаҳои тобеи марказ идома дорад.
Аз сўи дигар, барои интихобу ҷобаҷо кардани роҳбаладони гурўҳҳо ҳам озмун эълон шуда, маълумотномаҳои дарёфтгардида омўхта мешаванд.
Аммо, ба гуфтаи раиси кумита, дар ҳоли ҳозир,ин идора бо ширкатҳое, ки дар мавсими имсола бояд хидмат расонанд, шартнома ба имзо нарасонидааст, бинобар ин дар бораи нархи сафари ҳаҷ суҳбат кардан ҳанўз барвақт аст.
Дар охири феврали соли 2020, ба сабаби хуруҷи коронавирус, мақомоти Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандон, аз ҷумла зоирони Тоҷикистонро барои адои маросими ҳаҷ манъ карданд. Дар солҳои пеш аз кишвари мо дар мавсими ҳаҷи фарзӣ солона беш аз 6 ҳазор хоҳишмандон ба адои ин фаризаи исломӣ ба Арабистон сафар мекарданд.
С. Юсуф


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: