Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷашни Соли нав дар Арабистон

Ҷашни Соли нав дар Арабистон

30-12-2019, 15:50
Хабарро хонданд: 429 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашни Соли нав дар Арабистон
Арабистони Саудӣ бори нахуст эълон кард, ки Соли нави мелодиро ҷашн мегирад. Бино ба хабарҳо, ин иқдом дар идомаи ҳамон тарҳи тағйироти иҷтимоӣ-фарҳангиест, ки аз соле пеш дар ин кишар мавриди иҷро қарор гирифтааст. Ин барои аввалин бор дар таърихи Арабистони Саудӣ аст, ки барои таҷлили ин ид мақомоти расмӣ иҷозат медиҳанд.

Дар остонаи ҷашни Соли нав саҳифаи твитерии «Колиндар ас — Саудия» (Тақвими Саудӣ), ки ба паҳну хабардор кардани маросимҳо ва ҷашнҳо дар Арабистон машғул аст, бо эълони хабари ҷашни Соли нави мелодӣ навишт, ки ин маросим 31декабр дар шаҳри Ар-Риёз (пойтахти кишвар) ва минтақаи Сахараи Арабистон баргузор хоҳад шуд.Ҷашни Соли нав дар Арабистон
Гуфта мешавад, дар соатҳои ин ҷашн,ҳамчунин,қарор аст оташбозӣ ва баргузории мусиқии «DJ», маросими истиқбол аз Соли нави мелодӣва ҳамзамон, дигар барномаҳои фарҳангӣ – истироҳатӣ доир мегардад.
Лозим ба зикр аст, ки эълони баргузорӣ ва замони ин маросим дарҳол мавриди интиқодҳои бисёре аз корбарону масъулони мазҳабии ин кишвар шуд. Дар ҳоле ки Солеҳ ал-Фавзон, як узви ҳайати уламои Саудӣ ҳам пеш аз ин гуфта буд, ки ҳузур дар маросимҳои оғози Соли мелодӣ ҳаром ва бидъати шаръӣ аст.Аммо таҳлилгарони масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ мегўянд, чунин як гиромидошт ва иҷозат барои баргузории маросими таҷлил аз Соли навимелодӣ дар чорчўби иқдомоте аст, ки Муҳаммад бен Салмон аз замони валиаҳдии худ оғоз карда, ки аз онҳо ба унвони «ислоҳот» ёд мешавад. Созмони «Саргармӣ» ё «Фароғат»-и Саудӣ ба роҳбарии Туркӣ Оли Шайх, ки дар соли 2016 таъсис шудааст, сарпараст (мутаваллӣ)-и баргузории ин гуна маросимҳо дониста мешавад.
Баргузории ҷашни Соли нав дар ҳолест, ки бузургтарин консерти «DJ» (иҷро ва намоиши оммавии мусиқӣ)-и Ховари Миёна низ пештар (19 то 21 декабр) дар Арабистон доир шуд.
Ю. Солеҳ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: