Ошкорсозии 177 ҳолати қонуншиканӣ зимни санҷишҳо22-01-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2015 кормандони Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 177 қонуншиканиро ба қайд гирифтаанд.
Сӯҳроб Рустамов, сармутахассиси Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар соли сипаришуда 4856 санҷиши муштарак гузаронида шудааст. Ба иттилои ин масъули шуъба бештари қонуншиканиҳо дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент ва Истаравшан ошкор шудаанд, ки аз фаъолияти пурсамари комиссияҳои доимӣ ва масъулини танзими ин минтақаҳо дарак медиҳанд. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.