Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сovid-19 ба моҳи Рамазон таъсир мегузорад

Сovid-19 ба моҳи Рамазон таъсир мегузорад

13-04-2020, 14:13
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
 Сovid-19  ба моҳи Рамазон таъсир мегузорад
Дар моҳи мубораки Рамазони имсол, эҳтимол дорад дар гаҳвораи Ислом - Арабистони Саудӣ яке аз суннатҳои исломӣ - таровиҳ баргузор нашавад. Дар ин бора 11 апрел аз шабакаи телевизиони давлатии ин кишвар вазири умури исломӣ Муҳаммад ал- Вакил хабар дод.
Ин мақоми шоҳигарии Арабистони Саудӣ гуфт, ки агар пандемияи коронавирус дар ҷаҳон идома ёбад, Шӯрои уламо ва мақомоти шоҳигарӣ тасмими дигаре дар ин маврид нагиранд, аз адои намози таровиҳ дар моҳи Рамазон худдорӣ хоҳад шуд.
Ҳамзамон бо ин паём, сардори Раёсати корҳои Каъба дар Макка ва масҷиди паёмбари Ислом дар Мадина Аҳмад ал- Мансурӣ ҳам хабар дод, ки тасмим дар бораи намози таровиҳ аз сӯи Шӯрои донишмандони куҳансоли Арабистони Саудӣ гирифта мешавад ва иқдомҳои баъдии онҳо дар Моҳи шариф, дар партави тавсияҳои ин ниҳод амалӣ мегардад.
Изҳори назарҳо дар бораи иҷрои фариза ва одатҳои рамазонӣ дар ин кишвари арабӣ, ки маконҳои муқаддаси исломиро дар қаламраваш дорад, дар ҳолест, ки ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои араб имрӯзҳо дидгоҳҳои гуногунро дар мавриди таъсири пандемияи коронавирус барои маҳдуд ё манъ шудани иҷрои фаризаҳои исломӣ дар моҳи Рамазон ба нашр мерасонанд.
Оғози Рамазон барои мусалмонони ҷаҳон марбут ба он аст, ки пешвоҳои исломӣ моҳи навро кай дар осмони Арабистони Саудӣ бо чашм мебинанд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ, оғози моҳи муборак 23 апрел тахмин мешавад. Бо саршавии ин моҳ, бар асоси анъанаҳои исломӣ дар масҷидҳои Арабистон ва аз ҷумла, дар масҷиди бузурги Макка ҳар шом барои зоирон ва намозгузорон маросими ифтор баргузор мегардад.
Аммо бо дар назардошти ин ки, дар тамоми ҷаҳон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус доир намудани ҷаласаву ҷамъомадҳои умумӣ маҳдуд ва ё манъ шудааст, ҷомеаи мусалмонони кишварҳои дунё ҳайронанд, ба манзури вайрон накардани фармудаҳои Ислом дар ин моҳи муборак бояд чӣ кор кунанд.
Амалкардҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ин маврид, намунаи тақлид ҷиҳати иҷрои фариза ва суннатҳои ин моҳ барои мусалмонони ҷаҳон хоҳад буд.
Бино ба омори Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар ин кишвари арабӣ, ки қариб 35 миллион нафар аҳолӣ дорад, то 12 апрел зиёда аз 4 000 ҳолати мубтало шудан ба инфексияи коронавирус сабт шудааст, ки аз ин шумора 52 нафар гирифторони Covid-19 фавтидаанд.
Бар асоси гузоришҳои телевизиони давлатии Арабистон, баргузории намозҳои бо ҷамоа дар саҳни масҷидҳои бузурги Макка ва Мадина аз ҷанд ҳафта пеш ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ мамнӯъ шудааст. Марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба монанди майдонҳои сайру гашт ва маконҳои дамгирӣ баста шудаанд. Ба шаҳрвандон қатъиян тавсия шудааст, ки бе иҷозати шаҳрдорӣ дар соатҳои муқарраршуда аз манзиҳояшон берун нараванд.
Хиёбон ва кӯчаҳои Арабистон пас аз он холӣ шуд, ки аз 23 март дар ин кишвар режими вақти комендантӣ ҷорӣ гардид. Бар асоси қонуне, ки шоҳ ба имзо расонидааст, вақти комендантӣ аз соати 7 шаб то 6 саҳар идома хоҳад кард.
Дар гузоришҳо омода аст, бар иловаи ин, мақомоти баъзе аз шаҳрҳои ин кишвар инчунин режими махсуси риояи вақти комендантиро низ ҷорӣ кардаанд.

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: