Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Коронавирус домони арабро сар намедиҳад

Коронавирус домони арабро сар намедиҳад

25-06-2020, 12:44
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
 Коронавирус домони арабро сар намедиҳад

Бино бар гузориши расонаҳои хабарии электронӣ, дар Арабистон шумораи сироятшудаҳо ба бемории коронавирус дар ҳафтаҳои охир рў ба афзоиш будааст. Ин манбаъҳо ёдовар шудаанд, ки агар дар ин кишвар азоѓози пандемия 132 048 нафар сироят ёфта бошанд, аз аввали июн то ин дам 46 787 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 35,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳад. Танҳо дар чанд шабонарўзи охир, 4507 нафари дигар ҳам мубталои вируси нав шудаанд, ки боиси ташвиши мақомот ва табибони Арабистон гардидааст. Бар асоси таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ як сабаби хуруҷи дубораи беморӣ тасмими бармаҳали давлат барои бекор кардани режими карантин, боз кардани дари муассисаҳои иҷтимоӣ ва аз ҷумла, иҷозати фаъолият ба масҷидҳои ҷомеъ будааст. Бар асоси хабарҳо, дар ин кишвар бо оѓоз аз 1 июни соли 2020 дар Арабистони Саудӣ ҳолати карантинӣ, ки вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буд, сабук гардида, барои фаъолияти масҷидҳо расман иҷозат дода шуд. Он вақт баъзе аз коршиносон ин иқдомро як навъомодагӣ ба маросими ҳаҷи имсола низ арзёбӣ мекарданд. Аммо акнун яке аз сабабҳои ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми беморӣ дар ин кишвар, барвақт иҷозат додан ба фаъолияти масҷидҳо тавзеҳ мешавад. Мутахассисон тахмин задаанд, ки маҳз беэътиноӣ ба қоидаҳои пешгирӣ аз вируси нав дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла таҷаммўиаз ҳад зиёди одамон дар масҷидҳо боис гардидааст, ки ин беморӣ ногаҳон ва бо суръати нав зуд фарогир мешавад.
Арабистон ба шумораи ками зоирон иҷозат медиҳад
Бо дарназардошти ин вазъият, ҳафтаи гузашта азАрабистони Саудӣ хабаре паҳн шуд, ки мақомот гуфтаанд, ин кишвар дар назар дорад,бо мақсади пешгирии бештар аз паҳншавии коронавирус, шумораи зоирон дар маросими ҳаҷро маҳдуд кунад.
Аз он чӣ гуфта шуд, ин маъно бармеояд, кишумораи шахсоне, ки ҳар сол дар маросими ҳаҷ ширкат мекарданд, дар солҳои охир ба ҳудуди 2,5 миллион нафармерасид. Аммо имсол эҳтимолан ин омор чанд баробар коҳиш меёбад. Оморҳои мақомоти давлатӣ нишон медиҳад, ки даромади Арабистони Саудӣ аз ин маросим ва низ аз ҳаҷи умра, ки дар давоми сол анҷом мешавад, солона ҳудуди 12 миллиард доллар аст. Дар пайи паҳншавии беморӣ дар инкишвар ва бо муваққатан бастани дари масҷидҳои бузурги шаҳрҳои Маккаву Мадина мақомоти Арабистони Саудӣҳанўз дар моҳи марти имсол эълон карда буданд, ки тоба даст омадани маълумоти баъдӣ дар бораи ҳолати хуруҷи беморӣ, маросими ҳаҷро ба таъхир меандозад.
Аммо охиран, ҳамзамон, ду манбаи огоҳаз вазъият, ба хабаргузории "Рейтерз" (Британияи Кабир) гуфтаанд, ки ҳукумати Саудӣ акнун машѓули баррасии баргузории маросими ҳаҷ бо «Иштироки шумораи кам ва рамзӣ» дар ин фаризаи исломӣ ва бо дарназар гирифтани тадбирҳои эҳтиётӣ, мисли анҷом додани озмоишҳои тиббии бештар ва мамнуияти сафари зоирони солхўрда аздохил ва хориҷи кишвар аст.
Ҳамчунин, як манбаи дигар ҳам ин хабарро тасдиқ карда, афзудааст, ки ҳукумати Арабистони Саудӣбовар дорад, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштии аз сўйи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсияшуда, метавонад то ҳудуди 20 дарсад аз саҳмияҳои муайянгардида барои зоирон аз ҳар кишвар мусалмононро бипазирад.
Аммо ин ҳанўз тасмими ниҳоӣ нест, зеро ба гуфтаи ҳар яке аз ин се манбъ, боз ҳам бархе масъулон дар ҳукумати Арабистони Саудӣҳанўз ҳам тарафдори лаѓви маросими ҳаҷи имсола мебошанд, ки бояд дар аввалҳои моҳи август баргузор шавад.
Ба ҳар ҳол Ҳукумати Арабистони Саудӣ ва вазорати ҳаҷи ин кишвар лозим надонистаанд, ки расман дар ин маврид изҳори назар кунанд.
Ин нукта ҳам муҳим аст, ки дар баробари аҳамияти сиёсиву маънавӣ доштани ҳаҷ, пешгирӣ ё маҳдуд кардани сафари зоирони ҳаҷ ба иқтисоди Арабистони Саудӣ, ки аз коҳиши нархи нафт ва буҳрони коронавирус осеб дидааст, зарбаи сахттар хоҳад зад.
Арабистони Саудӣ, рўзи якшанбе пас аз афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар шаҳри Ҷидда, парвозҳои байналмилалӣ ба фурудгоҳҳои ин шаҳрро, ки ҷои асосии вуруди зоирон аст, қатъ кард ва муқаррароти манъи рафтуомадро дубора ба кор гирифт.
Тибқи оморҳои расмӣ, дар соли 2019ҳудуди 2,6 миллион нафар дар маросими солонаи ҳаҷ иштирок карда, ҳудуди 19 миллион нафар низ барои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар намуданд.Яъне дар давоми сол аз гўшаву канори дунё андаке беш аз 21, 5 миллион нафар бо мақсади ҳаҷ, зиёрат ва тиҷорат ба ин кишвар сафар кардаанд.
Бар асоси барномаи ислоҳоти иқтисодии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, қарор аст, ки то соли 2030 шумораи ширкаткунандагон дар маросими ҳаҷи солона ва ҳаҷи умра ба ҳудуди 30 миллион нафар дар сол афзоиш ёбад, ки даромади ба дастомада аз он ҳудуди 13,5 миллиард доллар хоҳад буд.
Албатта ин барои кишваре бо ҷамъияти андаке беш аз 35 миллиону 366 ҳазор нафар маблаѓи кам нест.

Коршиносон бар ин нукта ишора мекунанд, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ дар тасмимгирӣ рўйи ин масъала ҳатман манфиати иқтисодиву молиии кишварашро ҳам ба назар мегирад ва дар сурати фароҳам шудани камтарин шароиту имкон дарвозаҳояшро барои зоирон боз хоҳад кард. Аз ин рў, ҳукуматҳо бо дарназардошти вазъияти эпидемиологии кишварҳояшон дар мавриди додани иҷозат ба гурўҳҳои зоирон ва сафари онҳо бояд худ тасмим бигиранд. Албатта, омодагиҳо ба баргузории маросими ҳаҷ ба ҳар ҳар кишвар низ судовар аст.

Ин нукта ҳам аз сўйи таҳлилгарон ва ҷонибдорони сафари зоирон ба ҳаҷ баён мешавад, ки даромад аз маросими ҳаҷи умра барои Арабистони Саудӣ, кишваре, ки буҷаи 750 миллиард долларӣ дорад, қатрае дар баҳр аст. Ин андеша ба зоҳир дуруст аст, аммо агар ба умқи мавзўъ мантиқӣ бингарем, ҳамон баҳр ҳам аз ин гуна «қатра»-ҳо шакл мегирад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар пайи нашри хабарҳо дар мавриди имкони маҳдуд гардидани сафари зоирон ба ҳаҷ ва баргузории ин маросим боиштироки доираи маҳдуд баъзе аз ҷонибдорони боз кардани роҳ барои сафари довталабон ин далелро пешоварданд, ки аз132 ҳазор нафар сироятшудаҳо ба вируси нав фақат 700 нафар фавтида ва 75 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки маҷаллаи тиҷоративу иқтисодии «Форбс» чанд рўз пеш Арабистони Саудиро ба рўйхати 20 кишвари амнтарини дунё аз коронавирус шомил кард. Чӣ метавон гуфт? Танҳо як чиз, онҷо, ки пулу манфиат бошад, хатаре вуҷуд надорад ва ҳар гуна воқеияти дигар ҳам сарфи назар шуданаш мумкин аст. Махсусан, барои маҷаллае, ки бо пулу бо сармоядорон сару кор дорад.

Солеҳ Юсуфов
P.S. Дар лаҳзаҳое, ки ин матлаб ба чоп омода мешуд, хабар расид, ки мақомоти Арабистони Саудӣ бинобар ҷой доштани эҳтимоли хатар аз авҷи дубораи пандемияи коронавирус маросими ҳаҷро барои зиёраткунандагони хориҷӣ ва сафари ҳар гуна гурўҳҳои зоиронро ба кишвар мамнўъ эълон карданд.

Дар ин робита Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ хабар дода афзуд, ки бар асари пандемияи коронавирус имсол ба таври истисно, маросими ҳаҷ ва зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаро бекор кард.
Дар иттилоияи ин вазорат омадааст: "Бо сабаби пандемия аз коронавирус ва хатари сиряти ин вирус ба шумораи зиёди одамон, ҳаҷи соли 1441-тақвими мусалмонӣ (мутобиқ ба соли 2020 – и тақвими масеҳӣ) бекор ва ин маросим бо иштироки шумораи маҳдуди зоирони миллатҳои мухталифи маскун дар кишвар баргузор мешавад. Ин тасмим бо дарназардошти мулоҳизаҳо ҷиҳати зарурати нигоҳ доштану ҳимояти саломатии мардум гирифта шудааст».

Қаблан мақомоти Саудӣ аз мусалмонони сокини кишварҳои гуногуни дунё даъват карда буданд, ки омодагиро ба зиёрати Макка то дақиқ шудани ҳолати паҳншавӣ ва вазъияти мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба таъхир андозанд.

Ҳаҷ маросимест, ки бо сафар ба Мадинаву Макка ва боздид аз атрофи он (кўҳи Арафот, водиҳои Муздалифа ва Мино) дар вақту соати муайян марбут аст.

Ҳаҷ панҷумин ва аз охирин пояҳои Ислом пас аз ба забон овардани калимаи шаҳодат, анҷоми намоз, додани закот ва рўзадорӣ мебошад. Ҳаҷ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас аз фаризаҳои Ислом буда, ҳар мусалмон ҳадди аққал як бор дар зиндагӣ бояд баҷо оварад.

Имсол давраи ҳаҷ ба 28 июл - 2 август рост меояд.

Дар гузашта ҳар сол беш аз 3 миллион нафар, аз ҷумла зиёда аз 2 миллион мусулмон, ки аз хориҷа ба Арабистон меомаданд, дар ин маросим ва расму оинҳои вобаста ба он ширкат мекарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: