Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фаъолияти босамар

Фаъолияти босамар

19-02-2021, 10:41
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолияти босамар
Суғд


Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон доир гардид. Дар маҷлис раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» Мадина Набизода, аъзои КИМ ва дигар меҳмонони даъватшуда ширкат варзиданд.
Дар маҷлис се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар оғоз раиси КИ ҲХДТдар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён оид ба фаъолияти солона ҳисобот дод. Музокирачиён фаъолияти солонаи Кумиҷроияи шаҳриро хуб арзёбӣ намуданд. Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзнома воридгардида баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» Мадина Набизода зимни ёдоварӣ аз дастовардҳои фаъолияти КИ, инчунин, оид ба бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ҳар чи бештар ҷалб намудани шахсони арзандаю пешқадам ба сафи ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар масоили мавҷуда пешниҳод ва маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар анҷоми ҷаласа пешқадамони фаъоли ҳизб Абдураҳмон Қосимов ва Абдуфаёз Умаршозода барои фаъолияти пурсамар дар соли 2020 бо медали ҷашнии ҲХДТ қадрдонӣ шуданд. Ба ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ аъзо гардидаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
«МХ»


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: