Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » УЗВИ ҲХДТ БУДАН ҲАМ ИФТИХОР АСТ ВА ҲАМ МАСЪУЛИЯТ

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ҲАМ ИФТИХОР АСТ ВА ҲАМ МАСЪУЛИЯТ

19-02-2021, 11:00
Хабарро хонданд: 451 нафар
Назарҳо: 0
УЗВИ ҲХДТ БУДАН ҲАМ ИФТИХОР АСТ ВА ҲАМ МАСЪУЛИЯТ

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти яксолинаи худро бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аъзои кумиҷроияи вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, бонувон, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб натиҷагирӣ намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Суғд дар соли сипаришуда ҳисобот дод.
Мавсуф аз ҷумла, зимни суханронии худ аз натиҷаҳои самарабахши ташкили мактаби захираи кадрҳо, тақвияти шароити мусоиди корӣ ва заминаҳои моддиву техникӣ, беҳтар намудани шароити кории кормандони ҳизб ва дар ин замина дар назди кумитаи иҷроияҳо ташкил кардани хоҷагиҳои ёрирасон, ҷамъбасти маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, интихобот ба маснади президентӣ, мақоми занон ва ҷавонон дар фаъолияти ҳизбӣ, истифодаи мактабу таҷрибаи бузурги собиқадорони ҳизбу меҳнат дар раванди тарғибот, саҳми ҳизбиён дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва вокуниш нишон додан ба мақолаҳои ғаразноки душманони миллат, нақши воситаҳои ахбори омма, хоса нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” дар инъикоси набзи ҷомеа ва натиҷагирӣ аз қабули обуна ба нашрияҳои мазкур, тарғиби ғояву ҳадафҳои ояндасози ҳизбӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятии назди кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят ва баррасии муроҷиатҳои сокинон, баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ёдовар шуд.
Раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ва шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод дар баромад аз нақши ҳизбиён дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, раванди ободкориву созандагӣ ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолият суханронӣ намуданд. УЗВИ ҲХДТ БУДАН ҲАМ ИФТИХОР АСТ ВА ҲАМ МАСЪУЛИЯТ
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон оид ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт: “Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бо халқ будану таъмини зиндагии шоистаро рисолати ҳар як роҳбар дониста, баён доштанд, ки авлоду аҷдоди мо ободкору созанда буданд ва мо инро ба мерос гирифта, ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизи худро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Воқеан ҳам, дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем”.
Дар идома мавсуф дар бораи вусъат бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла беҳтар намудани корҳои тарғиботу ташвиқот бо ҷалби олимону зиёиён, идомаи раванди танзими аъзо бо усули муқоисакунӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, дар ҳамкорӣ бо аъзои кумиҷроияи вилоятӣ ва гурӯҳи вакилӣ, ҳалли мушкилиҳои мардум, рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, таваҷҷуҳи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд
Узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ қайд кард, воқеияти рӯз талаб дорад, ки ба фаъолияти ҳизб аз равзанаи воқеӣ баҳогузорӣ карда шавад. Вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб, пеш аз ҳама, то ба мардум бурда расонидани дастовардҳои даврони соҳибстиқлолӣ, тарбияи маънавии ҷавонон ва дар фазои худшиносӣ тарбия намудани онҳо, мубориза ба амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб нашудани наврасон, шомил нашудани наврасону ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ бояд бошад. Таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои тарбияи ҷавонон дар фазои худшиносӣ, пеш аз ҳама, ба ҳунару ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани онҳо мебошад. Дар ин росто бояд тавре Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар дастур доданд, таваҷҷуҳ ба омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ куллан беҳтар карда шавад. Ҳамзамон, ба хотири баланд бардоштани эҳсоси ватандории ҷавонон ҳизбиёнро мебояд бештар дар қисмҳои ҳарбӣ вохӯриҳо доир намоянд. Бо волидони аскарон робитаи доимӣ барқарор намуда, аз вазъи хизмати онҳо мунтасил огоҳ шаванд.
Дар фарҷоми суханронии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр шуд, ки ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.
Дар идомаи кори ҷаласа нақшаи кори кумиҷроияи вилоятӣ барои нимсолаи аввал, нақшаи чорабинӣ вобаста, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ҳамзамон ба ҳайати кумитаи иҷроия ва Раёсати кумиҷроияи вилоятӣ тағйироти кадрӣ ворид гардид. Ҳамин тавр, Мадина Салимзода муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Абдусабур Абдуваҳҳобов сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” таъин гардиданд.
Дар фарҷом барои самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ ва ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд фаъолони ҳизб, ки дар даври ҳисобот фаъолияти босамар нишон додаанд, бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаи иҷроияи вилоятӣ қадршиносӣ гардидаанд.
Абдусабури АБДУВАҲҲОБ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: