Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » САФИ ҲИЗБИЁН МЕАФЗОЯД

САФИ ҲИЗБИЁН МЕАФЗОЯД

10-02-2017, 09:14
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
САФИ ҲИЗБИЁН МЕАФЗОЯД
Бо мақсади таъсис додани ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва муттаҳид намудани аъзоёни ҳизб дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон бо иштироки аъзоёни ҳизб доир гардид.
Гулистон Каримова – корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар чорабинӣ иштирок намуда, аз рӯи масъалаи якуми маҷлис «Дар бораи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ» ибрози андеша карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки имрӯз сафи аъзоёни ҳизб дар дар ин даргоҳи таълимӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд ва ин имконият медиҳад, ки бо мақсади муттаҳид намудани аъзоёни ҳизб дар назди муассиса ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад.
Сипас, аз рӯи ин масъала бо овоздиҳии аъзоёни ҳизб ҷиҳати таъсиси додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Нури Пешво» қарор қабул карда шуд.
Вобаста ба ин пешниҳод намуд, ки Зувайдуллозода Муҳибулло – директори Муассиса, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шавад.
Зимни баргузории чорабини Зувайдуллозода Муҳибулло – директории Мактаб, раиси нав интихобгардидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, аз дастгирии аъзоёни ҳизб изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки бо ташаббусҳои маорифпарвонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31- уми майи соли 2012 Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» таъсис дода шуд. Аз ҷумла ӯ ёдовари намуд, ки Муассиса нақшаи таълимии хешро тибқи талаботҳои стандарти таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи таълимие, ки ба стандарти байналмилалии Аврупо мувофиқ аст, таҳия намудааст. Муассиса тибқи нақша барои 660 нафар хонанда пешбинӣ шуда, раванди таълим аз рӯи се зинаи таҳсилот бо забони англисӣ буда, забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик ва географияи Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ва русӣ аз рӯи интихоби худи хонанда, омӯзиши фанҳо ва равияҳое, ки ба қобилият ва имконияти шахсии хонанда мувофиқ таълим дода мешавад.
Дар фарҷоми чорабинӣ 29 нафар омӯзгорони ҷавон бо аризаи хеш ҷиҳати аъзо шудан ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.


Мудири шӯъбаи
таблиғот ва иттилоти КИ ҲХДТ дар ноҳи Сино А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: