Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МЕЪЁРҲОИ СИЁСАТМАДОРӢ

МЕЪЁРҲОИ СИЁСАТМАДОРӢ

2-12-2020, 14:22
Хабарро хонданд: 59 нафар
Назарҳо: 0
МЕЪЁРҲОИ СИЁСАТМАДОРӢ
Нуқтаи назар


Командаи нави Ҳукумат, ки барои 7 соли оянда интихоб, таъйин гашт, ба фаъолият пардохт. Мардум бархеро табрик карданд, муваффақият хостанд.
Яъне мардум интизор дорад, онҳое, ки ба командаи нав шомиланд, дар сиёсат устувор, дар амал боидроку профессионал ва дар ҳаёт собитқадаму ҳамнафаси Президенти тозаинтихоб бояд бошанд, то дастаҷамъӣ, сиёсати давлатиро пеш бибаранд. То рӯзгори имрӯз аз пешин беҳтар бошад.
Аммо...
Мутаассифона, бархе одамон аз таъйин ва озод шудан ба вазифаҳои калидӣ, танҳо мансаб, манфиат ё болову пойин рафтани шахсонро мебинанду бас. Дар асл таъйин ва интихоб масъулияти сангинест, пеши мардум, Ватан ва Президент.
Сиёсатмадор чӣ касе бояд бошад? Ин суолест, ки на ҳар кас ба он посухи дақиқ медиҳад, вале аз сиёсатмадор чӣ талаб карда мешавад, шояд ҳама донанд ё донистан хоҳанд.
Муҳим аз ҳама, дар ин ҷода хизмати софдилона ба халқу Ватан ва сиёсати давлатро дуруст ба роҳ мондану пеш бурдан аст.
Чанде аз меъёр, сифат ва хислатҳои сиёсатмадоронро, ки дар олам мақбул аст, новобаста аз он ки кас дар кадом кишвар аст, агар дар олами сиёсат бошад, муқаррар гаштаанд, пас ин меъёрҳо ҳатмиянд ва масъулин ба онҳо бояд мутобиқ бошанд. Дар ин матлаб бархе аз ин талаботи маъмулӣ нисбати соҳибмақомонро мавриди баррасӣ қарор доданием. Маъмулан, шахсони расмӣ, калидӣ ё ҳайати ҳукуматҳо ва тими президентон чунин сифатҳоро бояд доро бошанд.
Ашхоси дар сиёсат амалкунанда бояд босавод, нотиқ, таҳлилгар, тасмимгиранда, якрӯ, оқил, одил, зирак, содиқ, соҳибэҳтиром, эътирофшуда, номдор ва дорои дигар сифатҳои волову донишварӣ бояд бошад, ки ин талаботи маъмулӣ буда, одатан онҳоро ҳама дар ин ашхос дидан мехоҳанд.
Оратор ё нотиқ

Сиёсатмадор бояд забони корӣ ё давлатиро фасеҳ бидонад (агар чанд забони дигар бидонад, боз беҳтар) нутқ ё лаҳни зебои гуфтор дошта бошад. Дар ҳар минбар шифоҳӣ ва хаттӣ дар навишт озод сухан бигӯяд, бинависад, ба суолҳо фавран посухи бе иштибоҳ аз назари сиёсӣ, мантиқӣ ва лафзӣ бигӯяд ё дар ҳисоботу мукотиба бехато бинависад.
(Дар мо маъмулан аксар вақт барои ин корҳо маошхурони алоҳида ё пресс- секретарҳоро истифода мекунанд).
Аммо мо кадом вазире, раиси кумитае, сардори идорае ё чиновникчаи дигареро медонем, ки чунин сифатҳо ёҳади ақали нисфи онҳоро дорад?Дорем. Вале мутаассифона хеле кам ва ангуштшумор. Аз чӣ бошад, ки онҳо дар ҷомеа камтар муаррифӣ мегарданд.
Вале дар ин самт шармандаҳоеро ҳам кам надорем, ки дар суҳбатҳои оммавӣ боиси хандахариш мегарданд. Онҳоеро, ки борҳо пеши мардум сарафканда аз камсаводӣ ва нолоиқӣ дар мансаб ошкор шуда бошанд, чунин ашхос обрӯи сиёсатмадориро мерезанд.
Роҳбаре, ки матниҳисобот ё суханронияшро дигарон менависанд, сарафканда нест? Ҳаст.
Наход кас маҷлис гузарониданӣ ҳасту чи гуфтанро котибе ё муовину ё зердасте омода кунад? Наход соҳаи хеш ва ё кормандонро бо он дараҷа зимни роҳбарӣ нашиносӣ, ки ба онҳо чи гуфтан ё нагуфтанро аз коѓаз бихонӣ?
Бархе аз раисон ҳамон чизи тайёрро хонда наметавонанд, мегӯянд зердастонашон. Кам нестанд чунинҳо.
(Ҳарчанд номзадҳо ба вакилиро имсол диктант гирифтанд, вале натиҷаҳояш пинҳон монд). Беҳтар аст, ки ашхоси оммавӣ (публичний) дар мадди назари мардум бошанд, то ѓайбату бадгӯйиҳо нисбаташон камтар гардад. То хубу бади онҳоро интихобкунандаву андозсупорандаҳошон бидонанд.Хоса барои вакили парлумон будан нотиқӣ аз сифатҳои асосӣ аст
Раисе, ки муваффақият ё камбудии корхонаашро аз матни омодакардаи дигарон мехонад, магар таҳлили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ карда метавонад? Наметавонад. Пас ӯ ба меъёри сиёсатмадорӣ рост намеояд.
Яъне сифати хеле муҳими дигари ПОЛИТИК ин таҳлилгарист.
Таҳлил ва хулоса кардан

Агар ин таҳлилро зердастон мекунанд, пас ту хандахариши онҳоӣ! Зеро аз минбар ту андешаҳои дигаронро мегӯйӣ. Дар матбуот зердастонат, ки аз сустият огаҳанду бефаъолиятии хешро бо тамаллуқ пӯшонидан мехоҳанд, барои хидмат нишон додан, онро бурда чоп ҳам мекунанд ва боз бештар ба ҳолатон механданд, ҳама ҷо мегӯянд, ки ин матни ман аст. Инро дар таҷрибаи журналистӣ мо зиёд дидаем.
Яъне набзи вазорат, кумита, идора ва ё коллектив дар дасти роҳбараш нест! Дар дасти дигарон аст?
Маҷлисҳоеро дар як вилоят дар гузашта медонам, ки ҳама ҳозирин дар толор ба ҳоли сухангӯмеханданд. Ба ҳоли сарварашон хандида, бо чашму абрӯ ба ҳамдигар ишора мекунанд, ки бубин ин камсаводро.
Ба берун баромада, механданд, ба бесаводӣ ва бесалоҳиятии роҳбари идораашон ва дилмонда мегарданд аз интихоби кадр, ки ҳоло як бесавод онҳоро роҳбарӣ мекунад. Аммо чизе намегӯянд, зеро метарсанд. Чанд гапзанро бе нон мондаанд, ки чашми дигарон битарсад, аммо магар даҳони мардумро баста мешавад?
"Хомӯшӣ тиллост"? Шояд, вале заҳрҳои ин "тилло"- ҳо барои як умр дар қалбҳо буѓча мегарданд, буѓз мешаванд, ѓудда карда, заҳрнок мегарданд. Норизоӣ, хомӯшона нафрат доштан бадтар аз онест, ки мегӯянд, ошкоро назар медиҳанд. Ин хатар дорад, ки хомӯшона сабр мекунанд. Он асар дорад, ки баҳри ислоҳ мегӯянд ё менависанд.
Хуб раисе (номи умумии роҳбарӣ, сарварӣ, сиёсатмадорӣ) бе он ки нотиқ аст, таҳлилгар аст, бадзабон ё бесавод аст, вазифаро соҳиб шуда ва бо он ки дар ҳавои даҳонаш «гӯшт мепазад», аз номи кӣ каттагӣ мекунад? Аз номи Президент. Зеро ӯ бо фармон ё амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст. Биноан, худро пазируфтаи ин сатҳ медонад. Вале оё ҳамаи ин мансабдоронро нафари аввал хуб мешиносад? Ба саводашон, истеъдодашон, ҳунар ва хислатҳои зарурии сарварияшон бовар дорад? Не. Зеро ин ѓайриимкон аст. Як нафар ин тавонро надорад. Солҳои пештар ҳама якдигарро мешинохтанд, зеро онҳо ҳамсафон буданд. Дар як давраи кору фаъолият одамони машҳури замонро ба донишу истеъдодашон ҳама мешиносанд. Аммо насли навро намешиносем. Шояд насабашон касеро ба хотирамон биёрад, аммо насабҳо ҳам монанд мешавад- ку?
Акнун ин наслҳои баъдиро танҳо дар ҳоли аз рӯйи резюме насли калонсол медонанд. Ё ҳар маълумоте, ки мушовири кадр расондан мехоҳад. Дуруст аст, ки бисёр мешунавем, ки даври (круг) дуюми вазифагирӣ фаро расида аст. Яъне фарзандони мансабдорони пешин соҳиби вазифаҳои имрӯз шудаанд. Ин ҳам бар асоси баъзе аз фактҳо аст. Хелеҳоро мешиносем ва шахсан Президенти кишвар ҳам мешиносанд. Ба қавли мардум "падарошно" ҳам ҳастанд, ки эътимод ба имону виҷдони онҳо, тарбияву дониш ба садоқату номашон доранд. Агар онҳо ирсияти қавӣ дошта арзанда бошанд, чаро не?
Вале авлодпарастӣ ё бовар кардан ба нафаре танҳо бо ин нишона ҳам ҳанӯз меъёр нест ва он норизоӣ ба вуҷуд меорад. Писари раиси суд- судя ва писари прокурор - прокурор, писари раис - роҳбар ва писари аълохони деҳқон- муҳоҷири корӣ формулаи дурусте дар сиёсат нест, ки мунтақидони мо онро бар зиддамон самаранок истифода мебаранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки эътимод доштан дар сиёсат, яъне команда хеле муҳим аст.
Фактори маҳалро он қадар гуфтему гуфтанд, ки дигар ҳоҷат ба баён нест. Ин фактор миллаткуш аст, ки ин гапи ман ё кашфиёт нест. Яъне сиёсатмадори хуб будан ба маҳалли таваллуд иртибот надорад. Ва сиёсатмадор дар иҷрои масъулияти давлатӣҳаргиз бояд ба маҳалгароӣ роҳ надиҳад.
Яъне, агар дар ин 7 соли баъди меъёрҳои дар ҷаҳон пазируфтаи таъйин ва интихоби кадр ин факторҳоро игнор кунад, мо пешравиро дар ҷомеа, ки рӯз аз рӯз мушкилоташ дар сатҳи ҷаҳонӣ меафзояд, умед баста наметавонем.
Публичност. Яъне шахсияти оммавӣ будан

Чаро сиёсатмадорон дар муборизаҳои сиёсӣ дар мазҳари ом ва масалан дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд?
Баъзеҳо зимни суҳбат ба мо гуфтанд, ки мансабдорон номи хеш ёшахси худро бештар ҳимоя мекунанд, нисбати обрӯйи давлат. Албатта шояд ин ҷо масъала паҳлуи дигар ҳам дорад?
Вале ҳимояи манфиатҳои миллӣ, хоса ҳимояи сиёсати пешгирифтаироҳбарияти давлат аз вазифаҳои ҷонии мансабдорон аст.
Охир онҳоро ба ҳайси сиёсатмадор ба вазоифи баланд дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъйин мекунанд. Пас, яке аз вазифаҳои асосии онҳо ҳимояи шаъну шарафи сиёсии кишвар вагирифтани тасмимҳои муҳими сиёсӣ аст.
Мутаассифона, аксар вақт, агар қисмати ками онҳо дар нашрияҳои ҳукуматӣ бо мақолае ҳам баромад кунанд, он аз гапҳои умумӣ ва обшуста ё иқтибосҳои дуру дарозе аз суханрониҳои Президенти муҳтарамамон буда, асли мақсади худи онҳо, таҳлил ё натиҷагирие аз худашон нест. Албатта бо ин кор онҳо садоқати хешро нишон доданӣ мешаванд. Вале дар ин матолиб ягон пешниҳод ё назари сиёсивупешниҳоди амалӣ дарёфт карда намешавад. Онҳо аслан давраӣ буда, ба ягон ҷашн ё ба Паёми Президенти Тоҷикистон бахшида мешаванд. Дигар онҳо солиёни дароз хомӯшанд. Чаро?
НАЗАРИ УМЕД

Аз ин рӯ, аз тими нави тозаинтихоб, ки аксари онҳо ҳамчун ашхоси донишманд, забондон, нотиқ ва дар сиёсат санҷидашудаву таҷрибадоранд, мардум умедвориҳои дигар дорад. Хоса, фаъоли сиёсӣ будани онҳо санге бар даҳони бадхоҳони Ҳукумат аст, ки шабу рӯз хаста нашуда, андешаҳои зидди сиёсӣ пароканда мекунанд. Ба зеҳни мардум тухми нифоқ мекоранд ва обрӯи кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст заданӣ мешаванд.
Агар онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, пас дар ҳамон ҷо посух бояд бигиранд. На чун солҳои пешин онҳо мегӯянду инҳо хомӯшӣ ихтиёр мекунанд.
Ё матлаби бе суроѓае бе посухи аниқе дар ягон нашрияи даврӣ менависанд, ки он бештар барои нишон додани садоқаташон ба боло нигаронида шудааст, на посух ба туҳмату таҳқир ва масъалагузориҳои мухолифин аст.
Майдони муборизаҳои сиёсӣ акнун дигар шуда.Агар ҳама меъёрҳои сиёсатмадориро дорем, онҳоро бояд амалӣ гардонем. Он ба "ҷангҳои иттилоотӣ" табдил гашта, ки хеле ба зеҳни мардум корагар аст. Пас мо низ бояд ин майдонро холӣ нагузорем. Ё не?
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: