Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Эҷоди воқеият – наҷоти хонанда

Эҷоди воқеият – наҷоти хонанда

26-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 449 нафар
Назарҳо: 0
Эҷоди воқеият – наҷоти хонанда
Чандест дар маҳфилҳои ҳирфаӣ перомуни мушкилоти нобуди асарҳои хуби хонданӣ андешаҳо радду бадал ва проблема будани он иқрор мегардад. Дар ин замина эҷод нагаштани филмҳои серхаридори тоҷикӣ, намоишномаҳои хубу саҳназебу тамошобиндор ва ҳатто охирвақтҳо аз саҳафоти матбуот ҳам дур шудани матолиби хонданбоб ва афкорсоз каму камтар мегардад. Вале чун сухан сари масъалаи ислоҳи ин камбудиҳо меравад, дар маҷолис ҳама хомӯшу дар маҳофил ҳама эҳтиёткору дар мулоқотҳои дукасӣ ё чоркасӣ андешаҳои зиду нақизи зиёде садо медиҳанд, ки ҳатто журналистон, ки ба истилоҳ воқеънигоранд наметавонанд, аз онҳо чизакеро бинависанд. Чаро? Зеро ба андешаи аксариҳо гӯё ҳама эҳтиёткор ё тарсу шудаанд. Тарс аз кӣ ё чӣ ин масъалаи дигар аст, вале ҳақиқат ё воқеият мафҳумҳое ҳастанд, ки тӯли таърих онҳоро ҳар қадар хостаанд зиндонӣ кунанд, қатл созанд, ба дор овезанд, гумном гардонанд натавонистанд, зеро ҳақиқат безавол аст.

Як сабаби эҷод нагаштани асарҳои хуби бадеӣ, ки тавонад завқи китобхонии мардумро бедор кунад, ин инъикоси воқеияти ҳаёти одамон аст. Дар ҳама давру замон одамон барои он китоб мехонданд, ки аз он чизе биёмӯзанд. Албатта аз китобҳои дарсӣ- савод, аз кутуби илмӣ дониш ва илм, аз дастуроти ихтисосӣ-тахассус, вале аз китобҳои бадеӣ дар баробари ҳама гуна маълумоти дар бораи ин чизҳои зикргашта боз зиндагиомӯзӣ, дарёфти идеал ва пайравӣ ба он, асрори зиндагонии дурусту раҳнамунсозро тавассути образҳои қаҳрамонони бофтаи муаллиф метавон дарёфт.

Воқеан дар тамоми дунё ашхоси сермутолиа бо он аз дигарон фарқ мекунанд, ки онҳо ба аксар суолҳои рӯзгор посухи дурусте доранд, онҳо сухандон, соҳибандеша, комилақл ва раҳнамоянд, ки дар тафриқа аз одамони камсавод, яъне каммутолиа соҳибэҳтирому боақлтаранд.

Аммо, мутаассифона, имрӯз ба китобхонӣ ва мутолиа ҷалб кардани одамон ба мушкили хеле нигаронкунандае табдил ёфтаву боз ҳам бештар ба бунбаст баранда табдил мегардад. Муносибатҳои иҷтимоӣ собит мекунанд бовар созем, ки мутаассифона, фарҳанги ҷомеа рӯ ба таназзул дораду масъалаҳои рӯзгор, яъне масъалаи хӯрдану зистан одамонро кам имкон медиҳад, ки сари фарҳанг андеша кунанд. Нигаронӣ он аст, ки сухан сари саду ҳазорҳо намеравад, балки миллионҳо дур аз маърифату ба дӯш бори рӯзгор дар маҷмӯъ миллатро ба вартаи камфарҳангӣ мебаранду мо ҳама гӯё тамошобинему хомӯш.

Чун дар ин бора касе ҳарфи ҳақиқате гуфтанӣ мешавад, ба ду далел даҳонашро мебанданд. Яке онҳоеанд, ки худ аз аҳли саводу андеша нестанду барои роҳат эҳсос кардани худ, мехоҳанд атрофиёнашон камсаводтар аз эшон бошанд. Дигар он гурӯҳеанд, ки аллакай тарсу навмедӣ ё нобоварӣ ба ояндаи рӯшани худу фарзандон фарогирашон гаштаву ҳушдорат медиҳанд, ки: «беҳтар аст хомӯш бошӣ, чунки намефаҳмандат». Аҷаб. Дар асри 21, ки мо кайҳо аз ҷаҳолату нодонӣ баромадаему асри иттилооту технология аст, чӣ тавр метавон ба бефарҳангиву сархамӣ худро мувоҷеҳ намуд ва ҷомеаро ба он одат кунонд. Аз кай илму дониш ё ақлу андеша душмани касе шудаву боиси бадномӣ гашта? Кӣ манфиатдор аст, ки дар ҷомеа мавҷуд будани андешаи «бесаводиву беақлӣ сарсупурдагиву садоқат аст»-ро пойдор бигардонад? Ё кӣ андешамандону соҳибтафаккуронро ьа худ душман мешиносад?

Баъзеҳо носеҳӣ мекунанд, ки: беҳтараш кару кӯру гарангу бесавод бошӣ, то бадбиният накунанд». Кӣ бадбинӣ мекунад, ашхоси босаводу боақлро? Барои чӣ? Бо ҷурми саводу андеша доштан? Бовар намекунам. Ин ба ҷуз тухми нифоқу нобоварӣ коштан дар дилу майнаи одамон чизи дигаре нест. Касоне, ки бадин боваранд, душмани худ, душмани савод, андеша, душмани рушд, душмани миллат ва ояндаанд, на шахсони хайрхоҳ.

Вале кӣ ё чӣ бояд ба андешаи мардум боз аз нав қадру манзалати саводу дониш, ахлоқи накӯ ва арзишҳои миллатсозро ҷо кунад? Китоб, филмҳо, театр, телевизион, матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма.

Мардумро чӣ тавр бояд боз хонанда, бинанда, шунаванда ва алқисса бештар рӯ ба илму фарҳанг бинмуд? Нахуст бояд ин ҳама абзори таъсиррасонӣ ба ақлу андеша, майнаи инсон ва афкори он инъикосгари воқеият бошанд. Воқеияти зиндагии мардум. Воқеиятн гоҳ хуб асту гоҳе не. Чаро аксари барномаҳои телевизионҳои русӣ ё филмҳои миллатҳои дигар бинандаи моро ҷалб мекунад? Зеро дар онҳо зиндагӣ бо ҳусну қубҳаш мунъакис мегардад. На бо рӯзгори дар саҳнаҳои тамошобиндор дигару пушти парда дигар. Шояд ба одамон камбудиҳояшонро нишон бояд дод, то ислоҳ бигарданд? Шояд асарҳо инъикосгари неку бади ҳаёт ва раҳнамунсози ислоҳи камбудӣ ва ахлоқи накӯ бо мисолҳои ҳаётӣ бошанд, на ба бо дурӯғҳо?

Чаро китобҳои муосири мо камтар таваҷҷуҳи хонандаро мекашанд? Шояд муаллифон ҳатто дар бофтаи бадеӣ ҳам аз гуфтани ҳақиқати ҳоли мардум метарсанд. Дар кино, ки он ҳам аз рӯи асарҳои бадеӣ филмбардорӣ мешавад, ба ҷойи саҳнаҳои зиндагӣ гуфтаҳои подарҳавою сохтаву аз воқеияти зиндагӣ дур садо медиҳанд, ки бинандаро ба худ ҷалб намесозанд, баръакс хеле заиф, сохта ва беҳунаронаву бе завқу салиқа эҷод шудани сенария чун рӯз рӯшан мегардад. Кино бояд аз рӯзгори мо хеле васеътару болотарро нишон бидиҳад, то моро бикашонад ба худ ва мо тақлид ба қаҳрамонони он кунем. Ҷасорат, нотарсӣ, ҳақпарастӣ, далерӣ, сарсупурдагӣ, ҷонфидоӣ, дӯстдорӣ, садоқат ва дигару дигар сифату меъёрҳои ахлоқи накӯро аз қаҳрамонони филмҳо бинему биёмӯзем. Вале ку? То ҳол «қаҳрамони манфӣ»-и мо як муллое беш нест. Ба театр меравему он ҷо ҳам воқеияти имрӯзи зиндагии худро намеёбем. Ҳанӯз ҳам аксар намоишномаҳои мо ё аз асрҳои гузаштаанд, ё спектаклҳое, ки бӯи шӯравӣ доранд ва ё мазҳакаҳои пучу соддалавҳона рӯи саҳнаанд. Пас аз он ҷо ҳам дур мешавем.

Дар ҳазорон ҳазор китобҳои хурду калони нашршаванда ё тамаъ ва тамаллуқ дар маркази хати маши асар аст ё ифтихори хандаовар аз асли хонаводагии шахсони пулдоре, ки бо ин васила хешро ба «таърих» ворид карданиянду авлодашонро «номдор» бароварданиянд. Чунин асарҳоро манфиатдорон сарпарастӣ мекунанду ба ҷуз чанд хонаводае дигар онро касе варақ намезанад.

Асарҳое, ки таърифашон аз даҳон ба даҳон гузашта овоза пайдо кунанд ё хонандагон онро биҷӯянд, иқрораш айб ҳам шавад, надорем. Зеро аксар адибон ҳам бар пояи иғроқу тамаллуқ мехоҳанд бори рӯзгорашонро бикашанд. Онҳо дигар барои мардум не, барои баъзе «мардон» менависанд, то онҳо нашрашон бисозанд. Ва дар сарсуханҳо изҳори сипосу родмардиҳои кадом пулдоре нашр шаваду халос. Пас чиро бихонад мардум? Киро идеал созаду ба ӯ пайравӣ кунад? Онеро, ки дар борааш васфу тавсифҳои беҳудуд дар баъзе китобҳо кардаанду олу аҷдодашонро ба дараҷаи муқаддасӣ расонидаанд? Мардум хуб мешиносанд ва медонанд, ки ҳамаи обрӯи дар сарват ё вазифааш ҷамъбаст мешавад. Аз ин рӯ пайравӣ кардан ба вай маънӣ надорад. Охир сарвати бо кадом роҳи номаълуме ба даст овардан як бойбача ҷое барои пайравӣ надорад. Пас ба кӣ ва чӣ бояд худро ҳамгуна кард? Худое накарда ба «қаҳрамонон»-и чунин китобҳои фармоишӣ ё тамаъолуда ҷомеа пайравӣ созад, пас вой бар ҳоламон мешавад.

Китобҳое, ки ба хотири «номдор» кардани хонадоне рӯи чоп меояд, моро ба қавмпарастӣ ҳидоят мекунад ё бечора будан пеши ин авлоди зӯр хонандаро навмедтар месозад? Охир асарҳо барои омма эҷод мегарданд, пас, таъсири онҳо бояд ба пешрафти тафаккури ҷомеа нигаронида шуда бошад. Ё не?

Чаро воқеияти зиндагиямон дар китоб ё матбуот ва дар ин замина дар филму саҳнаҳо инъикос намешавад. Зеро мо аз ифшои он метарсем. Зеро аксари мо воқеияти зиндагиямонро махуф медорем. Ҳарчанд онро боз ҳамагон медонанд. Пас бовар ба китоб ва чизҳои навиштории мо, ба барномаҳои сохтаву ғайритабиии мо, ба эҷоди ба хотири нафс ва тамаъ кардаамон, ба дурӯғҳои росткардаамон, ба навиштаҳои аз воқеият дурамон ҷомеасоз нестанд. Муттаҳидкунанда ва сазовори пайравӣ эҷод карданро шояд аз нав биёмӯзем? Ва онҳоеро, ки ташналаб аз мо чизеро барои хондан интизоранд сероб гардонем, бояд ба рӯзгораш наздик бинависем, зеро мардумеро, ки чашму гӯш дорад, фиреб карда намешавад. Хоса дар замоне, ки ҳар лаҳза иттилоот дастраси кулли ҷаҳониён аст, бе ҳалли ин мушкилот тафаккури хонандаи мо дар дасти бегонагон хоҳад буд. Зеро тавре мо иттилоъ пайдо кардаем, хонандаамон камтарин, тамошобинамон дӯстдори барномаву филмҳои хориҷӣ ва театрҳо холиву мардум торафт аз мутолиа дуру дуртар мегардад, зеро идеале, ки инсон ҳамеша орзуи ба он монанд шуданро дорад, ҳанӯз эҷод нашуда…
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: