Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» давраи омӯзишӣ доир мешавад

Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» давраи омӯзишӣ доир мешавад

20-11-2020, 10:50
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» давраи омӯзишӣ доир мешавадАз 25 ноябр то 10 декабр бо қарори махсуси СММ дар тамоми давлатҳо маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» гузаронида мешавад.

Дар доираи маъракаи мазкур бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» барои раисони Шӯрои занон ва кумитаи маҳаллаҳо дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» давраи омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар машғулияти омӯзишӣ намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» Муяссара Болтабоева ва мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Гулҷаҳон Умарова оид ба ҷараёни амалишавии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Дар омӯзиши мазкур ҳамчунин раисони Шӯрои занон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок карда, сухан гуфтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: