Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо Грамотаи PDV сарфароз гардид.

Хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо Грамотаи PDV сарфароз гардид.

9-03-2017, 13:10
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо Грамотаи PDV сарфароз гардид.Дар кумитаи занон ва оилаи назди ҷамъбасти озмуни беҳтарин маводи журналистон, ки ба мавзӯи «Лоиҳаи пешгирии хушунати хонаводагӣ нисбати занон» бахшида шуда буд, баргузор гардид. Лоиҳа оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ PDV, ки аз ҷониби намояндагии GOPA ва Ҳукумати Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Давоми солҳои зиёд дар Тоҷикистон зӯроварии хонаводагӣ ҳамоно аз зуҳуроти фарогир ба ҳисоб рафта, ҳам дар оилаҳои камбизоат ва ҳам дар хонаводаҳое, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ таъмин ҳастанд, мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи 9 моҳи аввали соли сипаришуда ба марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ 8328 нафар, аз он ҷумла 6314 зан, муроҷиат кардаанд. Ин рақамҳо аз ҷиддӣ будани масъалаи мазкур шаҳодат медиҳанд. Ба ҳамин хотир ҳамасола аз тарафи лоиҳаи PDVозмунҳои мухталифе дар байни хабарнигорон гузаронида мешаванд, ки чӣ тавр онҳо метавонанд ин масъаларо ҳар чӣ бештар ба мардум расонанд.
28 ноябр дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки коршинос барои журналистон озмуни бехтарин маводи журналистӣ, яъне “Зӯроварӣ дар оила: асосҳои инъикоси масъала дар ВАО” эълон гардида, ҷамъбасти натиҷаи он 28 феврали соли ҷорӣ эълон гардид. Дар озмун хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари Халқ» Гулҳаёи Мадимар иштирок намуда, яке аз ғолибони озмун муаррифӣ шуд. Номбурда ҳамчун муаллифи беҳтарин мақолаи рузнома бо гирифтани Грамота ва мукофоти пулӣ мушарраф гардид.
Хазиева В.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: