Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омӯзиши ҳифзи олами ҳайвоноту набототи нодир

Омӯзиши ҳифзи олами ҳайвоноту набототи нодир

9-02-2020, 14:49
Хабарро хонданд: 95 нафар
Назарҳо: 0
Санаҳои 7-8-уми феврали соли ҷорӣ дар толори МТ “Вефа” барои рӯзноманигорон тренинги “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ” дар доираи лоиҳаи “Ташаккули маърифати ҷамъиятӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани бабри барфӣ ва мавқеи он дар сатҳи миллӣ тавассути ВАО” баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди Глобалии Экологӣ (GEF) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дастгирї шудааст.
Дар тренинг мутахассиси соҳаи туризми экологӣ Насибов Фотеҳ бо мавзӯи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ” баромад карда, чунин зикр намуд: “Туризм шуғлест, ки усулҳои ташкили истироҳатро тавассути солимгардонї, шиносої, тиҷоратӣ, варзишӣ ва дигар ҳадафҳои воситаи саёҳат ва иқомати муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимиро дар бар мегирад. Сайёҳ шаҳрвандест, ки ба мамлакат муваққатан бо мақсади солимгардї, шиносої, касбию хизматӣ, варзишӣ ва дигар мақсадҳо ташриф меорад”.
Ба гуфтаи Насибов Фотеҳ, намудҳои туризм - ин туризми дохилӣ, туризми воридотӣ, туризми содиротӣ мебошанд.
Дар тўли 60 соли охир туризм рушд ва густариши васеъ ёфтааст, ки имрӯз сайёҳӣ яке аз бахшҳои зудафзояндаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳамчун соҳаи сеюми даромадноки он ба ҳисоб меравад. Миқдори ҷаҳонии сайёҳон аз 25 миллион дар соли 1950 то ба 1,3 миллиард нафар дар соли 2015 расидааст. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) пешбинї кардааст, ки то соли 2020 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол ба андозаи 3% афзоиш ёфта, дар як сол даромад аз он дар маҷмуъ ба ду триллион доллари ИМА мерасад. Таҳлили СУТ нишон медиҳад, ки саҳми хизматрасонии туристӣ дар содироти ҷаҳонї қариб 8% ҳаҷми умумии содироти ҷаҳонӣ, 30-35% хизматрасонии савдои ҷаҳонӣ, бештар аз 6 фоизи даромади умумии дохилии ҷаҳонї, 7% инвеститсияҳои ҷаҳонӣ, ҳар як ҷойи 16-уми корӣ, 11% хароҷоти ҷаҳонии истеъмолӣ, 5% ҳамаи намудҳои воридоти андозро ташкил медиҳад.
Дар даври дуюми тренинг Ҳамдамов Бахтиёр - сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” бо мавзуи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон” баромад карда, зикр намуд, ки “ба Китоби Сурхи Љумњурии Тољикистон 222 намуди њайвонот, 9 намуди нармбаданњо, 81 намуди њашарот, 14 намуди моњињо, 31 намуди хазандагон, 43 намуди парандагон ва 44 намуди ширхӯрон дохил карда шудаанд”.
Муњити зисти паланги туронї ҷангалзорҳо ва туѓайзорҳои наздисоњилие буданд, ки ба онҳо таъсири инсон нарасида буд. Дар Тоҷикистон ин намуди паланг ба ќатори њайвоноти мањвгардида дохил карда шудааст. Ҷасади охирини онро дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон “ тобистони соли 1953 пайдо кардаанд. Озодапаланг низ яке аз њайвоноти нодири кишвар буда, дар минтақаҳои куҳӣ сукунат мекунад. Дар куҳсори беҷангали Бадахшон бештар вомехӯранд. Саршумори онҳо то 350-400 адад беш нест. Дар солҳои 70-ум дар Тоҷикистон 20 сар кафтор мавҷуд буд. Мири мушони туркистонӣ дар ВМКБ, Ишкошим, Шуғнон ва Помири Шарқӣ, қад-қади дарёи Панҷ дучор мешаванд. Саршумори онҳо низ рў ба коњиш аст. Сагобї дар ҳавзаи дарёҳои Панљ, Вахш, Кофарниҳон, Сир, Зарафшон, Варзоб ва ғайраҳо паҳн гардидааст. Ин ҳайвони нодир низ ба њаимояти инсон аз мањвшавї ниёз дорад. Ҷайраи ҳиндӣ дар мавзеъҳои ноҳамвор ва дорои сарчашмаҳои обӣ, дар ҷангалзорҳо ва дараҳои серсанг вомехӯрад. Саршумори умумии ҷайра дар Тоҷикистон ба 850-1300 сар мерасад. Мутаассифона охири солњои 90 ва ибтидои солњои 2000-ум истеъмоли гўшти ин њайвони нодир ба мўд даромад, ки боиси ќир шудани теъдоди зиёди он гардид. Куброи осиёимиёнагӣ дар водии Вахш, Љайњун, мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”, Данѓара, Балҷувон паҳн шудааст. Ба хотири ба даст овардани зањри ин мор, ки дар бозори љањонї арзиши гарон дорад, одамон ба шикор ва бо ин васила мањв кардани он даст мезананд.
Гардонандаи тренинг пешнињод кард, ки ба хотири ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти нодири кишвар бояд як барномаи мукаммали давлати роҳандозӣ шавад. ВАО-и кишвар низ бояд дар ин амри хайр саҳмгузор бошанд ва барои таъсири мусби расонидан ба афкори ҷомеа доир ба масоили марбут ба њифзи табиати нодири Тољикистон, талош варзанд.
Баъд аз анљом ёфтани конференсия иштирокчиён ба Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда аз гўшаи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон дидан намуданд.

Нигора САИДБЕКОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: