Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Донишҷӯи тоҷик дар Русия қадрдонӣ шуд

Донишҷӯи тоҷик дар Русия қадрдонӣ шуд

8-10-2020, 15:38
Хабарро хонданд: 77 нафар
Назарҳо: 0
   Донишҷӯи тоҷик  дар Русия  қадрдонӣ шуд
Рафтори нек


Ӯро барои он ки бетамаъ ба пирон хӯрок мерасонд, дӯст доштанд ва қадрдониаш карданд.
Донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров, бо дипломи фахрӣ ва медали президенти Русия Владимир Путин - "Ҳама бо ҳам» қадрдонӣ шуд.
Дар ин бора дар муддати чанд рӯзи гузашта қариб даҳ расонаи ин кишвар ва ҳамзамон ВАО-и Тоҷикистон бо муҳаббат матлаб чоп карданд.
Ин арзи сипосе аз амалкардҳои Азиз барои кори довталабона замони пандемияи коронавирус дар байни сокинони шаҳре буд, ки онҷо таҳсил мекунад.
Ин зодаи Тоҷикистон ҳамроҳбодӯстонаш ба пиронсолон ва барҷомондагоне, ки дар ҳолати гӯшанишинӣ қарор доштанд, ғизо мерасонид.
Боиси ифтихори мо низ ҳаст, ки воситаҳои ахбори омма чӣ дар Волгоград ва чӣ дар дигар шаҳрҳои Русия дар бораи Азизхон, зодаи шаҳри Душанбе, ки пас аз хатми мактаби миёна, бо квотаи таълимии Россотрудничество ба Русия рафта, дар бахши «IT» ё технологияи иттилоотӣ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Волгоград идома медиҳад, самимона матолиби зиёде навишта, шабакаҳои телевизионӣ гузоришҳо нашр карданд.
Тавре маълум мешавад, Азизхон фарзанди сеюми оила буда, падараш омӯзгор ва мудири кафедра дар донишгоҳ аст, модараш низ ки замоне муаллима буд, ҳоло дар бонк кор мекунад. Қаҳрамони мақолаву гузоришҳо ёдовар шудааст, ки «Дар кӯдакӣ ман ҳам мехостам, мисли волидонам муаллим шавам. Аммо замон ҳоло чунин аст, ки ихтисосҳои амалӣ лозиманд ва ман ҳам мақсади мутахассиси IT- технологияи иттилоотӣ шуданро пеш гузошта, ба ин роҳ рафтам».
Ба гуфтаи худи ӯ, ҳанӯз се сол пеш баробари ба Русия омадан, дар курси якум ба сафи ихтиёриён- волонтёрҳо пайваста буд.
«Он гоҳ пандемия набуд ва мо ба кӯдакони маъюб ёрӣ мерасонидем, туҳфаҳо мебурдем. Ин барои ман чизи нав набуд, зеро ҳанӯз дар Тоҷикистон бо корҳои ихтиёрӣ машѓул будам»", - ба ёд меорад Азизхон Мавлоназаров.
Вақте ки пандемияи COVID-19 оғоз ёфт, барои Азизхону рафиқонаш кори бештар пайдо шуд ва онҳо барномаҳои кумакрасониашонро васеъкарданд. Ҳуди ӯ ҳам дар канор намонд.
«Падару модарам кӯшиш мекарданд, ки маро аз ин кор дур кунанд», - иқрор шудааст ӯ. - Борҳо мегуфтанд, ки «Ту чӣ кор карда истодаӣ? Охир сироят мешавӣ!»
- Ман ҳам кӯшиш мекардам, ки инро пинҳон кунам. Кор бисёр буд, вақт кам ва фурсате барои тарс набуд. Мо, панҷ нафар ихтиёриён аз як донишгоҳ будем. Боқимондаҳо табибон буданд. Ба кори онҳо кумак карда, бо ҳам дӯст шудем. Мо тамоми рӯз дар шаҳр мегаштем, зеро як мошини шахсӣ доштем.
Аммо беҳтарин хотираҳои Азизхон дар замони пандемия аз аёдати пиронсолон ва одобу муошират, ва самимияти онҳост.
«Онҳо хӯроку дорувориро қабул мекарданду ба мо ташаккур мегуфтанд, аксар барои корамон мехостанд пул диҳанд, мо мефаҳмонидем, ки мақсади мо пул кор кардан нест. Пиронсолон дар посух ба ёриҳоямон дуои нек карда, сиҳатмандиамонро мехостанд, - ба ёд меорад ӯ.
Тавре Азизхон таъқид мекунад: «Барои онҳо дар давраи карантин ҳатто қабули ҳама гуна туҳфа аз мизоҷон ҳам қатъиян манъ буд».
Ба гӯфтаи ӯ, аз сӯйи дигар, дар давраи маҳдудиятҳои карантинӣ бисёр дӯстони нав пайдо кард.
«Дар баробари дӯстони нави русии ман, инчунин донишҷӯёни риштаи тиб аз Афғонистон, Чин, Кенияву Мексика ҳам ҳастанд. Ҳамаи моро мушкилот ва воҳимае, ки ҳама ҷоро фаро гирифта буд, ба ҳам оварда наздик ва дӯсту қарин кард»,- мегӯяд ӯ.
Дар яке аз мусоҳибаҳояш зимни нақл дар бораи аз оилаи омӯзгорон буданаш гуфтааст, ки «Шояд, дар синну соли наздик ба нафақа, ман низ муаллим шавам».
Аз гузоришҳо маълум мешавад, ки ба ғайр аз Азизхон Мавлоназаров боз чор донишҷӯи дигари Донишгоҳи давлатии Волгоград бо мукофотҳои президенти Федератсияи Русия қадрдонӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо бо маркази ихтиёриёни «Прорыв» ҳамкорӣ мекарданд.
Чуноне тавзеҳ мешавад, он рӯзҳо зиёда аз 83 ҳазор ихтиёриҳо аз тамоми гӯшаю канори Русия ба ин аксия пайваста буданд ва дар чанд моҳи вазнини муқовимат бо пандемия ба мардум хизмат намудаанд.
Хабарнигори телевизиони «МИР 24» Елена Ширяева, ки гузориши густурдае дар бораи ин ҷавони тоҷик таҳия ва нашр кард, ёдовар шуд, ки бо вуҷуди вазъи заифи саломатиаш ва манъи волидайн, ӯ ба одамони ношинос ёрӣ мерасонид ва пиронсолонро нигоҳубин мекард. Худи Азиз мегӯяд: - Ман наметавонистам тартиби дигаре дошта бошам, зеро аз хурдӣ моро дар хонавода дар ҳамин рӯҳия тарбия кардаанд.
Тавре дарин гузориш ҳам таъкид мешавад, дар давраи пандемия кори волонтёрҳо зиёд буд ва Азизхон яке аз ҳазорон нафаронест, ки саломатии худро дар хатар гузошта, ба дигарон кумак кардааст.
Волидонаш ҳам эътироф мекунанд, агарчӣ дар аввалҳо розӣ набуданд, аммо ҳоло хеле шоданд, ки кори ин ҷигарбандашон қадр шуда, сипосномае бо имзои худи Путин гирифтааст.
Азизхон аз ҳама хурдӣ дар оила мебошад. Ва ба гуфтаи модараш ҳамеша як кӯдаки нозук буд.
«Ҳар рӯз таъкид мекардам: бе зарурат ва бе ниқоб ба кӯча набаро! – ба ёд меорад модараш. Аммо маълум мешавад, барои он ки модарашро хафа накунад ва падарашро ба хашм наорад, Азизхон муддати дароз пинҳонӣ волонтёрӣ мекардааст».
Ҳар бор мепурсидем, мегуфт: «Дар хобгоҳ ҳастам. Мегуфтам, чаро аз камера истифода намекунӣ?» ӯ мегуфт, ки вайрон аст». Баъд фаҳмидем, ки ҳамон вақти суҳбат на дар хобгоҳ, балки бо ҳамроҳонаш дар шаҳр хона ба хона мегаштааст», - мегӯяд падараш Силмон Мавлоназаров.
Худи волидон инро замоне фаҳмиданд, ки медалу дипломи бо имзои президентро, ки аз номи роҳбари давлат мақомоти иҷроияи шаҳри Волгоград тақдимаш карданд, вақти суҳбат нишон дод. Модар он лаҳзаро то ҳол ба ёд оварда, ашк мерезад.
«Ин қадрдонӣ ифтихори тамоми Тоҷикистон, арзи сипос ба тамоми тоҷикистониён аст. Мо шодем, ки писари мо дар Русия ба ниёзмандон кумак карда, ба ин чиз созовор дониста шуд», - мегӯяд падари қаҳрамони мо.
Ин андешаро роҳбари «Клуби ҷавонони тоҷики донишҷӯ» дар минтақаи Пензаи Федератсияи Русия Муҳаммадсанҷар Раҳимов, ки аввалин шуда, хушхабари бо медали президент қадр шудани Азизхонро ба ВАО расонид, низ дар як мусоҳибаи матбуотиаш баён кардааст.

Бино ба суханони ӯ, дар давраи паҳншавии шадиди коронавирус, вақте ки бисёриҳо, аз ҷумла пиронсолон ва маъюбон, дар хона дар карантин монданд, ёрии чунин ҷавонон лозим буд. Онҳо буданд, ки бо фаъолияти довталабонаи худ якҷоя бо табибон ба дастгирии шахсони ниёзманд шитофта, дар аксар маврид аз таъсири бади равонии беморӣ пешгирӣ намуданд.
Чуноне мақомоти иҷроияи шаҳри Волгоград дар ҳамон рӯзҳо эълон карда буданд, 958 муроҷиати шаҳрвандон ба идораҳои ҳифзи иҷтимоӣ ворид шуда, ки аз ҷумла, 546 ҳолати марбут ба бемории коронавирус, боқимонда ба омӯзиши фосилавии шахсони гӯшанишин будааст. Ин илова бар он оморест, ки ба пиронсолон ва одамони барҷомонда марбут мебошад.
Азизхон ва донишҷӯёни дигари волонтёр он рӯзҳо ба иҷрои фармоишҳое машѓул буданд, ки аз сӯи ситоди фаврии амалкунандаи давраи карантин дар вилояти Волгоград барои ин гурӯҳи ниёзмандон пешниҳод мешуд.
Рафтори ин ҷавони ҳаммиллату ҳамватани мо, ки имрӯз дар баробари фахри волидон боиси ифтихору сарбаландии дигар тоҷикистониҳо ҳам шудааст, ҳақиқатеро бори дигар бозгӯ мекунад, ки амалу рафтори нек ҳамеша подоше дорад.
Солеҳ Юсуфов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: