Мутахассис: «Илтиҳоби шуш табобат мешавад»28-04-2020, 09:38
Хабарро хонданд: 1669 нафар
Назарҳо: 0
Мавзӯи рӯз Дар ҳолате, ки тамоми дунё аз афзоиши гирифторони бемории коронавирус ранҷ мекашад, дар Тоҷикистон дар атрофи бисёр шудани мубталоёни илтиҳоби шуш овозаҳо зиёд аст. Барои равшан намудани ин беморӣ ва тадбирҳо ҷиҳати пешгирии он бо Ҳакима Ахмедова- сармутахассис оид ба бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамсуҳбат шудем. Номбурда дар мавриди ин беморӣ ва нишонаҳои он, аз ҷумла гуфт: - Пневмония (ё илтиҳоби шуш) аз бемориҳои вобаста ба сирояти шадиди роҳи нафас буда, дар ниҳоят боиси зарар дидани шуш мешавад. Шуш аз халтачаҳои хурд, алвеол иборат аст, ки дар шахси солим ҳангоми нафаскашӣ бо ҳаво пур ва дар онҳо оксиген ва оксиди карбон мубодила мешаванд. Дар сурати зарар дидани яке аз қисматҳои шуш нафаскашӣ душвор мегардад. Ин беморӣ дар ҳамаи фаслҳо, вале бештар дар тирамоҳ, зимистон, баҳор авҷ мегирад, аммо агар саривақт табобат шавад, одам шифо меёбад. Аломатҳои беморӣ таб, сулфаи хушк, ки баъдтар ба балғамдор табдил меёбад, дарди сар, дарди қафаси сина мебошад. Сабабҳои беморӣ зиёд аст, пеш аз ҳама гармухунук шудани бадан боиси хуруҷи микробҳои ангезендаи ин беморӣ мешаванд. Гуфтан лозим аст, ки ин микробҳо, дар бадан ҳастанд, аммо дар сурати вайрон шудани таносуби гармию сардӣ гурӯҳе аз онҳо авҷ мегиранд ва боиси пайдоиши ҳар гуна бемориҳо мешаванд. Аз ҷумла асабонияти зиёд, беэҳтиётӣ вақти гирифтор шудан ба бемории зуком, боиси он мегардад, ки ин микробҳо ба барангезандаи беморӣ табдил меёбанд. Инсон то кадом ҳад ба беморӣ гирифтор мешавад, ин ба кори қисматҳои чапу рости шуш, ба ҳолати умумии кас вобаста аст. Агар ҳарду қисмати шуш гирифтор шавад, беморӣ вазнин аст. Дар дигар мавридҳо мубталоёни бемории қанд, гурда ва дил ҳам ин бемориро вазнин мегузаронанд. - Кадом синусол бештар гирифтор мешаванд? - Дар сурати риоя накардан ба қоидаҳои беҳдоштӣ одамони ҳамаи синусол ба он гирифтор шуданашон мумкин аст. Дар мо бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Гамрохунук кардани бадан ва нӯшидани обу нӯшокиҳои хунук ҳам метавонад ангезандаи ин беморӣ шавад. Ин ҳолат бештар ба калонсолон дахл дорад. Аз ин хотир, мо мутахассисон ҳамеша таъкид мекунем, ки одамон бояд аз гармохунукии бадан худ ва фарзандонашонро эҳтиёт кунанд. Дар тобистон гармогарм бо оби хунук оббозӣ кардан ҳам барои кудакон ва ҳам калонсолон як хел хатар дорад. - Ҳоло хабарҳое паҳн мешаванд, ки шумораи гирифторон ва фавтидагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст, то кадом андоза ин хабарҳо асос дорад? - Пневмония барои ҷомеаи башарӣ бемории нав нест. Масалан, дар Федератсияи Русия соли 2019 аз ин беморӣ 654 ҳазор нафар фавтиданд. Дар Тоҷикистон, чӣ хеле Вазорати тандурустӣ ҳам эълон кард, аз пневмония дар соли гузашта 1031 фавтиданд. Дуруст аст, ки бехабарӣ аз ҳар гуна беморӣ, аз ҷумла сабабҳои ба илтиҳоб гирифтор шудани шуш мардумро беэҳтиёт мекунад, бинобар ин дар суҳбату вохӯриҳо мо ҳамеша дар баробари роҳҳои пешгирӣ аз хусуси тадбирҳои гирифтор нашудан ба ин беморӣ низ суҳбат мекунем. Солеҳ Юсуфов Аз идора: Ин мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон 23 апрел дар ҷавоб ба пурсишҳои чанде аз созмонҳои ҷамъиятӣ, ки худро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ном бурдаанд, гуфт, дар се моҳи аввали имсол 5023 нафар илтиҳоби шуш ё пневмония шуданд, ки дар муқоиса ба омори ҳамин давраи соли гузашта 169 ҳолат камтар аст. Дар ҷавоби вазорат ҳамчунин таъкид мешавад, ки беморони сил ҳам кам шуда, аз 1218 ҳолати дар семоҳаи аввали соли 2019 ба кқайд гирифташуда, дар чунин давраи соли 2020 ба 1137 ҳолат коҳиш ёфтааст. Ҳаждаҳ созмону шахси алоҳида аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақозо карда буданд, ки ба суолҳо дар робита ба коронавирус низ посух диҳад. Аз ҷумла аз вазорат пурсиданд, ба тестҳое, ки Тоҷикистон аз Русия ва Чин овардааст, то куҷо метавон бовар кард? Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ дар номаи ҷавобӣ вазъи эпидемиологии кишварро «нисбатан ором» нишон дода, гуфтааст: «Тоҷикистон 46 ҳазору 900 тест дорад, ки 23 ҳазорашро аз Русия, 22 ҳазори дигарро аз Чин ва 1900 тестро аз Олмон гирифтааст. «Ҳамаи тестҳо аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ озмуда шудаанд ва дорои сертификати сифат мебошанд", - афзудааст ӯ. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бо тестҳо шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки нишонаҳои бемории пневмонияро доранд ва шарҳ ҳам додааст: «Дар ин ҳолат инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам низ ба инобат гирифта мешавад». Ба пурсиши дигар дар ин бора, ки парвозҳои байналмилалӣ қатъ шудаанд, «ташхисҳо ва натиҷаҳои лабораторӣ чӣ тавр дубора санҷида мешаванд?» вазорат гуфтааст: «Вақте сарҳадҳо кушода буданд, қисме аз тестҳо барои санҷиши такрорӣ ба Москва, Новосибирск ва Лондон фиристода шуданд ва ҳамаи онҳо натиҷаи манфӣ доданд. Баъди он ки сарҳадҳо баста шуданд ва парвозҳо миёни давлатҳо муваққатан қатъ гардид, санҷиш танҳо дар озмоишгоҳи Вазорати тандурустӣ гузаронида мешавад, ки ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пурра мутобиқат мекунад». Вазорат таъкид кардааст, ки Тоҷикистон танҳо як чунин озмоишгоҳ дорад ва бинобар ҳамин, тестҳо аз тамоми минтақаҳо ба инҷо фиристода мешаванд. Тоҷикистон аз ҷумлаи чанд кишварест, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ба ҳол ягон нафар ба коронавирус гирифтор нест, ҳарчанд аз аввали моҳи феврал то ин дам дар тамоми кишвар зиёда аз 8 ҳазор нафарро зери карантин гирифтаанд. Бо вуҷуди ин ки, зиндагиву кор ба таври маъмулӣ пеш меравад, аммо нашри хабарҳо дар бораи бистарӣ шудан ва ё даргузашти одамон бар асари пневмония, таҳти карантин қарор гирифтани аъзои хонаводаҳо ҳаросҳоеро ҳам дар ҷомеа пеш овардааст. Мақомот ин вазъиятро маъмулӣ медонанд ва мегӯянд, номусоидии обуҳаво дар рӯзҳои охир шумори гирифторони пневмонияро бештар кардааст. Агар чунин бошад, пас вақти он расидааст, ки мақомоти сатҳи ҳукумат, духтурон ва мутахассисони соҳа дар ин маврид бештару ошкортар бо матбуот сухан гӯянд. Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева низ рӯзи гузашта дар як мусоҳибааш бо ВАО изҳор дошт, аз ин воқеият, ки ҳодисаҳои зиёди пневмония вуҷуд дорад ва ин ҳодисаҳо дар шакли бисёр сахт дида мешаванд, бисёр нигарон аст. ӯ ҳам тавсия дод, ки баробари пайдо шудани бемориҳои роҳҳои нафас ба дармонгоҳҳо барои ёрии тиббӣ муроҷиат кунанд. «Мутаассифона, ҳодисаҳои пневмония вуҷуд дорад. Ин чиз наметавонад мояи ташвиши мо набошад»,- таъкид кардааст ӯ. Ин намояндаи Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки ҳайати фаннии созмони мазкур охири ҳафтаи ҷорӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин гурӯҳро ҳавопаймое, ки 1 май аз Душанбе ба Франкфурти Олмон парвоз мекунад, ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон меорад. «МХ»
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.