Донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии Волгоград соҳиби унвони «Турист России» гардид22-05-2018, 08:16
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Давлатхон Мавлоназаров, донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии Волгогради Федератсияи Россия аз ҷониби Федератсияи сайёҳии варзишии Россия соҳиби унвони «Турист России» гардид. Ҳамзамон, ин донишҷӯӣ тоҷик дар бисёре аз чорабиниҳои сайёҳӣ, ки дар донишгоҳ ва берун аз он баргузор гардидаанд, иштироки фаъол намуда, бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гаштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро баҳри инкишоф ва пешрафти Ватани хеш — Тоҷикистон сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар амалӣ гардидани нақшаву иқдомҳои созанда саҳми босазо мегузоранд. Давлатхон Мавлоназаров яке аз чунин мутахассисони оянда аст, ки маҳз бо дастигириву ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 тариқи квотаи «Дурахшандагон» ба Донишгоҳи давлатии Волгогради Федератсияи Россия ба факултети «Илмҳои табиатшиносӣ» дар ихтисоси «География ва туризм» дохил шуда, донишҷӯи фаъоли ин даргоҳи илму дониш ба ҳисоб меравад. Ин донишҷӯ хушнуд аз он аст, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Иқдоми мазкурро сармашқи кори худ намуда, чорабиниҳои зиёд, аз қабили Наврӯзи байналмилалиро дар якҷоягӣ бо дигар миллатҳои дӯсту ҳамҷавор сазовор пешвоз гирифта, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кўлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, урфу анъанаҳои миллии тоҷиконаро ба намояндагони дигар халқҳо муаррифӣ менамояд. Зимни суҳбат ӯ бо як ҷаҳон орзӯву умедҳо иброз дошт, ки таҳсилро бо баҳои баланд хатм намуда, баъди бозгашт баҳри пешрафту ободии Тоҷикистон ва рушди соҳаи сайёҳии мамлакат софдилона тамоми донишу малакаи худро истифода менамояд. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони соҳа бо бештар аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус ҳамкорӣ дошта, давраи таҷрибаомӯзии хешро аксари донишҷӯён дар раёсату бахшҳои Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ мегузаронанд. Роҳбарияти Кумита пайваста дар ҷустуҷӯи ҷавонони лаёқатманду соҳибилм буда, баҳри таъмини онҳо бо ҷойи кор тамоми чораҳоро амалӣ менамоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.