Гандумнамоёни ҷавфуруш24-09-2019, 14:55
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон бо унвони "Зиндонҳои Тоҷикистон – лонаи фасод ва дастгоҳи шиканҷаву марг" чанд рӯз пештар дар Варшава бо иштироки гурӯҳе аз намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати ислом нишаст баргузор гардид. Мавзӯи асосии нишаст, марбут ба ҳолати имрӯзаи зиндонҳои Тоҷикистон, вазъи саломатӣ маҳбусони сиёсӣ, (асосан аъзои ҳизби мамнуи наҳзати ислом), фишор ба хешовандони маҳбусон буд.
Албатта гунаҳгор кардану ба доми тазвир кашидани давлати тозабунёди мо аз ҷониби ашхоси тақаллубпешаю нохалаф, боиси нигаронии афроди солимфикри ҷомеаи муосири мо мешавад. Агар боре ба гузаштаи на чандон дур нигарем, ҳизби наҳзати ислом дар тарҳрезии ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ даст дорад. Бубинед, ошуби мазкур чӣ бадбахтиҳоеро ба сари мардуми мо овард, ҷони чандин нафаронро даррабуд ва хонадони онҳоро тираву тор кард. Баъди ин бо ҳукми Додгоҳи олӣ созмонро ифротӣ ва террористӣ эълон намуда, фаъолияташро қатъ карданд. Аммо имрӯз ин фитнаандозони бадкеш иддаои он мекунанд, ки ошуби хунини гузашта барои мақомоти имрӯзаи Тоҷикстон баҳонае барои аз саҳнаи сиёсат дур намудани ҳизби наҳзати ислом буд. Ин эрод то андозае хандаовар аст. Бе асноду далел камбудӣ кофтан мазмуни тағофулпарастӣ дорад, яъне «ҳама чизро мебинаму ҳеч чизро дидан намехоҳам». Ҳанӯз аз айёми дури даврони Шӯравӣ, аниктараш аз соли 1973-юм сар карда, ҳаракати «Наҳзати исломӣ» дар ватани мо аз фаъолияти худ дарак дода буд, ки ду самти асосии фаъолияти корӣ, яке тарғиби идеяҳои исломӣ ва дигаре тарбияи мардумро дар руҳияи динӣ дар бар мегирифт. Дар маъракаҳо ва дигар ҷамъомадҳои мардумӣ пинҳонӣ ва баъзан рӯирост идеяҳои гуногуни исломиро тарғиб мекарданд ва мо шоҳиди он гаштем, ки ин кори онҳо дар солҳои 90-уми қарни гузашта, чӣ натиҷаҳои хунинро ба бор овард. Мақсади мо он нест, ки дини мубини исломро паст занем, гап дар сари он аст, ки зумрае аз маҳзабиёни навбаромад исломро силоҳи асосии худ карда, дар рӯй ниқоб кашидаанд ва бо ин роҳ дар ҷомеа ихтилофангезиву фитнаандозӣ мекунанд. Олими барҷастаи муосири ҳинд Имом Сайид Абулҳасан Алии Надавӣ дар китоби худ «Тазқия ва эҳсон» ё «Тасаввуф ва ирфон» менависад; «Баъзе аз суфинамоёни ҷоҳталаб, гандумнамоёни ҷавфуруш мебошанд, ки тасаввуфро барои хароб кардани дин ва гумроҳ намудани муслимин ва барои расидан ба аҳдофи шуми худ истифода мебаранд». Дар нишасти Варшава атрофи ба ҳалокат расидани ошӯбгарон дар зиндонҳо назарандозиҳои зиёде баргузор шуд. Бояд ба таваҷҷуҳи эшон бирасонем, ки дилҳоҳ давлати соҳибистиқлол вазифадор аст, ки барои ҳифзи мамлакату шаҳрвандонаш, аз ашхоси бадкирдору нохалаф, мақомоти давлатдорӣ воситаҳои мухталифи ҳифозатиро истифода барад ва ин бархилофи қонун нест. Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад, дар ин нишаст аз вазъи зиндонҳо, зери шиканҷа қарор гирифтани иддае аз маҳбусон интиқоди сахт кард. Ба иддаои ӯ, маҳбасҳо дар Тоҷикистон "ба макони бемориҳои ҷиддии сироятӣ, ба мисли вируси норасоии масунияти бадан ва зардпарвину сил табдил шудаанд." Аммо ин иддаоро мақомоти расмии Тоҷикистон, ки дар Варшава ҳузур доранд, беасос хонда рад карданд. Шариф Қурбонзода, намоянда аз Додситонии кулли Тоҷикистон, дар ин боб чунин гуфтааст: "Ҳар вақте ки арзу шикоятҳо дар бораи шиканҷа ворид мешавад, албатта, кормандони мақомоти прокуратура ба ҳар яки онҳо бо масъулияти баланд муносибат карда, санҷиши пурра ва дақиқи онро таъмин мекунанд. Аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул менамоянд. Маълумот дар бораи он ки дар муассисаҳои ислоҳӣ шиканҷа васеъ истифода мешавад, асос надоранд. Аз ҷониби он нафароне, ки чунин маълумотро аз тариқи васоити омма паҳн менамоянд, ягон далели боэътимод вуҷуд надорад." Бале, беасосу бе далел ибрози андеша аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳанӯзам нотавонбинони ҷомеаи муосири мо ободии мамлакати моро намехоҳанд ва бо ҳар андешаи тахсиромези худ мехоҳанд ҷомеи шаҳрвандии моро сиёҳ кунанд. Набояд фаромуш кард, ки яке аз пояҳои асосии зиндагиномаи бошарафи инсонӣ, осудагӣ ва амнияти шаҳрвандӣ мебошад ва мо ҳамагон баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ифротгароӣ, терроризм, радикализм, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза барем ва сатҳи маънавию сиёсии худро боз ҳам мустаҳкаму қавӣ гардонем. Т. Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.