Чунин суханони сахтро ҳафтаи сипаригардида сарвазири Эфиопия Абий Аҳмад ба шоҳзодаи меросбари аморати Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад ибни Зайд гуфт. Ба қавли Абий Аҳмад, арабҳо пойбанди куҳнапарастии динӣ шудаанд. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки ба эфиопҳо лозим меояд ҳарчи зудтар забони арабиро биомӯзанд, то ин ки динро саҳеҳтар дарк кунанд ва онро ба арабҳо омӯзонанду онҳоро ба ислом баргардонанд. Сарвазири Эфиопия иброз дошт, ки ӯ аз пешниҳоди шоҳзодаи Абу Заби Муҳаммад ибни Зайд оид ба сохтани Маркази исломӣ дар ин кишвари шарқиафриқоӣ даст хоҳад кашид, чунки шоҳзода «дини худашро гум кардааст». Абий Аҳмад суҳбати худро бо ибни Зайд, ки амалан ҳокими Амороти Муттаҳидаи Араб аст, хотиррасон намуд, ки шоҳзода дар назди аъзои ҷамоати америко-эфиопии мусалмонон дар иёлати Вирҷинияи ИМА рӯзи ҷумъаи гузашта баромад карда буд. Ҳангоми суҳбат миёни ин ду ходими давлатӣ ибни Зайд гӯё ба сарвазири Эфиопия кумак аз ҷониби АМА дар маънои «ҳамаи он чизе, ки шумо мехоҳед, муҳайё хоҳад шуд» ваъда карда, ҳамчунин гуфтааст, ки «мо ба шумо дини исломро меомӯзем». Ҷавобан ба ин сарвазири Эфиопия чунин иброз дошт: «Моро зарурияти аз шумо динро омӯхтан нест. Шумо динро гум кардаед. Барои мо танҳо ҳамин зарур аст, ки зудтар забони арабиро омӯзем, барои он ки хубтар динро бифаҳмем ва шуморо омӯзонем, то ин ки ба ислом баргардонем». Ибни Зайд аз чунин суханони Абий Аҳмад сахт ҳайратзада шуд ва ба ҳолати шокӣ афтида, нисбати чунин паст баҳогузории арабҳо пурсон гардид. Дар ҷавоб Абий Аҳмад гуфт, ки ислом сулҳ аст ва он чизе, ки дар Ховари Наздик, ки дар ҳаёти сиёсии он кишварҳои араб пештоз ҳастанд, рух медиҳад, умуман аз сулҳ дур аст. Ва маҳз ҳамин лаҳза сарвазири Эфиопия изҳор дошт, ки арабҳо динро аз даст додаанд ва гуфт: «Исломе, ки ба исломи аслӣ монанд нест, миёни шумо паҳн шудан дорад ва шумо сулҳро фаромӯш кардаеду аз хотиратон баровардед, ки бахшидан чист». Вақти дурусти ин суҳбатро муайян кардан имконият надорад, чунки худи Абий Аҳмад вақти баргузоршавии онро нагуфтааст.
Хафтаи гузашта ҳангоми сафар ба Абу Заби Абий Аҳмад бо президенти Эритрея Исайас Афеворк вохӯрд, ки ин баъд аз баимзорасии созишномаи сулҳ миёни ин кишварҳои собиқ душман муяссар гардид. Чуноне ки сайти Вазорати хориҷии АМА хабар медиҳад, ҳар ду ин ходими давлатӣ бо мукофоти олии кишвар-Ордени Зайд «барои эътироф кардани кӯшишҳои онҳо дар роҳи хатм бахшидан ба моҷаро миёни кишварҳо ва кушодани уфуқҳои нав барои ҳамкориҳо, координатсия, ҳамчунин нишонаи миннатдорӣ барои нақши онҳо дар мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо Амороти Муттаҳидаи Араб» қадрдонӣ гардиданд.
Дар баромади худ Абий Аҳмад гуфт, ки мусалмонони Эфиопия, ки 40 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, аз рӯйи шумора аз тамоми мусалмонони Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамсоягони ӯ дар Халиҷ-Қатар, Арабистони Саудӣ, Қувайт ва Баҳрайн зиёд ҳастанд. Эфиопия аз рӯйи шумораи аҳолӣ дуввумин кишвари қораи Африқо ба ҳисоб меравад-ин ҷо қариб 108 миллион нафар ба сар мебаранд.
Абий Аҳмад 41-сола аст. Ӯ дар оилае ба дунё омадааст, ки сарвари он-падараш мусалмон ва модараш насронӣ буд. Ба ӯ баъд аз сари қудрат омаданаш гузаронидани як қатор ислоҳотҳои муҳимро нисбат медиҳанд-аз ҷумла, озод кардани маҳбусони сиёсӣ ва ба имзо расидани созишномаи сулҳ бо Эритрея-ҳамсояи шимолӣ, баъд аз ду даҳсола муноқишаҳои мсаллаҳ. Ба ҳайси сарвазир аз моҳи апрели соли равон фаъолият дорад
Таҳияи Азамат Дӯстов