Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

17-08-2020, 10:56
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Тоҷикон мардуми бумии Осиёи Марказӣ буда, аз қадимулайём маҳз дар ҳамин замин дохили марзҳои гуногуни сиёсӣ ва дар ҳайати давлатҳои мухталиф зистаанд. Баъд аз соли 1924 ва каме баъдтар, яъне аз соли 1929 ҳудудҳои сиёсии давлати миллии мо бо талафоти зиёде аз сарзамини таърихӣ муайян гардиданд, ки ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳамон шакл ба меросмонданд. Дар даврони истиқлолият ин ҳудуди ҷуғрофии ба мерос монда бо кишварҳои ҳамҳудуд, аз қабили ӯзбекистон, Афғонистон ва Чин ба пуррагӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ба расмият дароварда шуда, бо давлати ҳамсояи Қирғизистон дар баъзе минтақаҳо тавассути муколама ва музокираҳо ҳалли ниҳоии худро ёфта истодааст. Ба ибораи дигар, дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба тоҷикон муяссар гардид, ки умумияти ҳудуди ҷуғрофии худро комилан ҳифз намоянд. Дар маҷмӯъ, бошад, метавон зикр кард, ки миллати тоҷик имрӯз соҳиби ҳудуди ҷуғрофии умумӣ барои тамоми сокинони давлати худ аст. Вале мафҳуми миллат бо маънои сиёсияш имрӯз агар бо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳдуд бошад ҳам, аз лиҳози таърихӣ он ба тамоми тоҷикони бурунмарзӣ дахл доштани худро низ нигоҳ доштааст.
Халқи мо таърихи хеле тӯлонӣ дошта, қисмати асосии он дар ҳайати чунин давлатҳое аз Пешдодиёну Каёниён (ҳазорсолаи V то II пеш аз милод) ва Бохтару Суғд дар даврони қадим сар карда, то Аморати Бухоро (то соли 1918) дар охирҳои асрҳои миёна ва Тоҷикистони Шӯравию (1924-1991) Тоҷикистони соҳибистиқлол (1991 то имрӯз) гузаштааст. Ба ибораи дигар, миллати тоҷик таҷрибаи қадима ва ғании давлатдории худро доро аст. Худи вожаи “тоҷик” ҳанӯз аз асри якуми мелодӣ бо шаклу талаффузҳои гуногун маълум буда, барои ифодаи тамоми халқҳои ориёинажоди минтақаҳои муосири Осиёи Миёна ва Афғонистон ба кор мерафт. Ин нишон медиҳад, ки заминаҳо барои ташаккули халқият ва баъдан, миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим вуҷуд доштанд. Ташаккули тоҷикон ҳамчун халқ дар асрҳои IХ-Х анҷом ёфтааст, ки минбаъд пояи муҳимтарине барои пайдоиши ин миллат гардид.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, танҳо истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки халқи тоҷик ихтиёри давлатдориро ба дасти худ бигирад. Бо ҳамин сабаб, равандҳои миллатсозӣ ва бунёди давлатдории миллӣ дар ин даврон тавъам бо ҳам сурат гирифта, дар зарфи тахминан сӣ сол дигаргуниҳои куллие дар ин самт ба вуқӯъ пайвастанд. Тоҷикон аз қадимулайём бо ҳам дар робитаи устувор қарор доштаанд ва новобаста аз он, ки намояндагони миллат дар марзҳои гуногуни сиёсӣ умр ба сар бурдаанд, робитаҳоро бо ҳамдигар, хусусан дар соҳаи фарҳанг ҳеҷ гоҳ қатъ накарда, тамаддуни барои кулли ҷаҳон маъруфу қобили истифодаи тамоми башарро бунёд гузоштанд. Дар таърихи навини тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бадхоҳони дохилию хориҷӣ марзу буми миллатро ба се қисмат тақсим карда буданд, таҳдидҳои бузурге ба устувории иттиҳоди мардуми мо ҳамчун миллат ба миён омада буданд. Хушбахтона, хиради азалии мардум, талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат ва аз ҷониби эшон ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи ваҳдати миллӣ имкон доданд, ки иттиҳоди устувори гуруҳи одамон будани миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад. Аз ин рӯ, дар баробари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ будан, мо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун эҳёгари яке аз нишонаҳои муҳими миллат – гурӯҳи устувори одамон будан барои мо тоҷикон дар таърихи навини худ эътироф намоем ҳам, ба воқеияти таърихӣ ба пуррагӣ мувофиқ хоҳад буд.
Дар даврони истиқлолият идеологияи миллӣ ташаккул ёфт. Ин идеология ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя мекунад, ки дар он пояҳои асосии ғояи миллии мо ҳамчун бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, инчунин, ҷомеаи адолатпарвар эълон гардидааст. Ҳамзамон, ҳадафҳои миллии мо, чун эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ин ғояи миллии моро боз ҳам комилтар намуданд. Хушбахтона, ин ғояҳо ба ҳама сокинони мамлакат фаҳмо, дастрас ва маълум буда, ҳамагон онҳоро ҷонибдорӣ ва арҷгузорӣ мекунанд.
С.Таибов,
Зуҳра Турсунова,
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон




















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: