Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият – рамзи олии ватандорӣ

Истиқлолият – рамзи олии ватандорӣ

14-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 471 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият – рамзи олии ватандорӣБоиси шукургузорӣ ва сарфарозии мо ҷавонони саодатманди диёр аст, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Истиқлолият ин нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озотпарасту озодихоҳи буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарваранд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди хазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикитсон ҳанӯз 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия дар бораи Истиқлоляити Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар фазои байналмилалӣ бошад 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ шинохта шуд.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид менамуд, ки Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фарҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Имрӯз мо ҷавонон дар назди миллату давлат худ муввазаф ҳастем, ки ин неъмати бебаҳои ба мо меросмондаро ҳамчун як гавҳараки чашм ҳифз ва нигоҳ дорем. Ин аст шараф, номус, ифтихор ва рамзи пойдории мо - ҷавонони бонангу номуси диёр!

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҷӯяндаи сулҳу амонӣ натанҳо дар дохили кишвар, балки дар ҷаҳон хоҳони зиндагии созгору некӯаҳволона аст. Аз таърихи инсоният возеъ аст, ки миллати тоҷик бар сари халқи дигаре теғ накашидаву касеро аз ҳуқуқу озодиҳояш маҳрум насохтааст. Баръакс дар хонаи худ бегонагонро ҷой додааст, онҳоро маърифату амал, илму одамгарӣ, шаҳрнишиниву одоби муошират омӯхта, дар подоши он нокомӣ, маҳрумият, гурезагӣ, ноадолатӣ, беҳуқуқӣ, таҳқиру азобҳо дидааст. Чӣ муборизаҳое, ки мардуми тоҷик дар арсаи таърих бурдааст, ба ҷузъ баҳри озодиву ҳуқуқҷӯиҳо, норозигӣ аз зулми ситамгарон, норозигӣ аз беадолатии таърих набуда. Дар ин роҳи озодихоҳӣ, ҳимоят аз номусу нанг ва пораи замини аҷдодӣ ҳазорон ҷавонмардони асили тоҷик қурбон гардидаву миллати тоҷик аз кӯҳи нобудиҳо ба имрӯзи пирузиҳо расида.

Ҳар яки моро зарур аст, ки аз хурд то бузург дар ин ҷода бо тамоми ҳастӣ барои ояндаи миллату давлати худ дар селобаи пуртуғёни таърих бошарафона истодагарӣ карда тавонем.

Хамин тавр, дӯст доштани Ватан ифтихор ва омода будан ба ҳифзи марзу буми он аз душманони дохиливу берунӣ қарзи имонӣ ва шарафи инсонии ҳар як ҷавонмард мебошад, барои тоҷику тоҷикистонӣ андешаи истиқлол андешаи ҳақ ва ҳақпарварист.

Шиори мо ҷавонон озодӣ, истиқлолият, ваҳдати миллӣ, субботу амният ва якдилии мардуми саросари Тоҷикистони маҳбубамон аст.
Б.Файзизода, Аъзои Иттиҳоди Ҷамиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар н.Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: