Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рамазон Раҳимзода: «Волидонро зарур аст бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии оворагардиву беҳудагардии фарзандони худ ҳамкорӣ намоянд»

Рамазон Раҳимзода: «Волидонро зарур аст бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии оворагардиву беҳудагардии фарзандони худ ҳамкорӣ намоянд»

26-12-2017, 08:28
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Рамазон Раҳимзода: «Волидонро зарур аст бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии оворагардиву беҳудагардии фарзандони худ ҳамкорӣ намоянд»
/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки ба муносибати Соли ҷавонон имрӯз, 25 декабр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Бозоралӣ Одиназода, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии минтақаву вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, қабл аз шурӯи ҷамъомад ҳайати меҳмонон дар саҳни Академияи ВКД аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву варзишии омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дидан намуданд. Сипас, Рамазон Раҳимзода аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соли сипаришудаи 2017 ёдовар шуда, изҳор намуд, ки рӯйдоди фараҳбахше, ки дар охири ин сол ба вуқӯъ пайваст, ирсоли Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабр ба Маҷлиси Олии мамлакат буд.

Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ аз тафовути Паёми навбатии Пешвои миллат аз паёмҳои солҳои пешини ӯ ҳарф зада, зикр намуд, ки дар Паёми навбатии худ Сардори давлат як қатор имтиёзҳо дар соҳаи андоз, дастгирии корхонаву муассисаҳои истеҳсолии дохилӣ, аз ҷумла, соҳибкорони ватанӣ ва пешниҳоди сабукиҳо ба онҳо, воридсозии таҷҳизоти замонавии дорусозӣ ба кишвар, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустиву маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нафақа, стипендияи донишҷӯён иброз доштанд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар ин Паёмашон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, ки мақсад аз он дастгирии ин самтҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад.

Вазири корҳои дохилӣ ба масъалаи таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дахл намуда, иброз дошт, ки тавре дар Паёми навбатии Президенти мамлакат омадааст, «ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Аз ин рӯ, ҳадаф аз ҷамъомади имрӯзаи мо низ аз наздик суҳбат намудан бо намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар ва бохабар шудан аз ҳаёту фаъолияти онҳо мебошад.

Тавре мавсуф зикр намуд, имрӯз барои таҳсилу фароғат ва машғул шудан ба ҳар гуна машғулиятҳо барои ҷавонон тамоми шароит муҳайё мебошанд. «Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла, дар Академияи он барои машқу тамрини ҷавонон тамоми шароит мавҷуд буда, ҳамсолони шумо дар толорҳои муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳҳои зарурӣ ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд», — илова намуд Вазир.

Ба ақидаи Р. Раҳимзода, новобаста ба андешидани тадбирҳои зиёд баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ба ҷавонон, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани намояндагони ин табақаи ҷомеа ҷой дошта, авбошиву муноқишаҳои мактабиву гурӯҳӣ миёни онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Мавсуф бо овардани мисолҳо аз ин гуна рафтору кирдорҳои номатлуби ҷавонон изҳор дошт, ки волидонро зарур аст, ки аз пештара бештар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии оворагардиву беҳудагардии фарзандони худ ҳамкорӣ намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: