Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ мегузаронанд

27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ мегузаронанд

24-01-2020, 13:44
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
27 январ Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ мегузаронанд
Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар толори ин вазорат доир менамояд.

Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидан мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар»- www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: