ДАҲҲО ҲАЗОР МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД24-07-2020, 14:58
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 534392 ташхис гузаронида шуда, як миқдор маҳсулоти гӯштию ширӣ, меваю сабзавот, тухми ғизо, моҳӣ, равғанӣ растаниву маҳсулоти полизии бесифат ва ба саломати хавфнок нобуд карда шуд. Тавре Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар натиҷаи ташхисҳо маҳсулоти ба талаботи бехатарии озуқаворӣ ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 33865,8 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5731,6 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 11 310 дона тухмӣ ғизоӣ 53083,8 кг меваю сабзавот, 434,2 кг моҳӣ, 2753 кг маҳсулоти намакин, 656 литр равғани растанӣ, 6059,8 кг маҳсулоти полизӣ ва 346 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шуд. ӯ, инчунин, илова намуд, ки дар ин давра, дар ҷумҳурӣ 4563 ҳодисаи бемории ангалӣ (паразитӣ) муайян карда шуд, ки дар натиҷа 18 149 кг узвҳои дохилии ҳайвонот, аз қабили дил, гурда, шуш, ҷигар аз муомилот бардошта шуда, нобуд карда шуданд. Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои вайрон кардани қойидаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ ҳангоми воридоти бор нисбат ба 69 нафар соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.