Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Кумитаи бехатарии озуқаворӣ корҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати тозагию беҳдошти аҳолӣ тақвият мебахшад

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ корҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати тозагию беҳдошти аҳолӣ тақвият мебахшад

18-07-2018, 07:20
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ корҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати тозагию беҳдошти аҳолӣ тақвият мебахшад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ беш аз 470 ташхис гузаронида шуда, қариб 7 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 1 ҳазору 963 литр маҳсулоти ширӣ, беш аз 57 ҳазор дона тухми паранда, зиёда аз 26 ҳазор кг меваю сабзавот, 65 кг моҳӣ, 815 кг маҳсулоти намакин, 315 литр равғани растанӣ ва 26 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян гардида, аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода 17 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон доир ба фаъолияти ин мақомоти навтаъсис гузориш дода, гуфт, ки бо мақсади муайян намудани ҳолати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи 33 корхонаҳои истеҳсолии кишварҳои хориҷӣ гузаронида шуд.

Зимни он қариб ба 500 нафар соҳибкорони ватанӣ барои ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид намудани борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта иҷозатномаҳои дахлдор дода шуданд. Инчунин дар ин давра бо мақсади пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат дар гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи Поён» беш аз 42 тонна моҳии яхшуда ва зиёда аз 131 тонна маҳсулоти гӯшти паранда, ки бидуни иҷозатнома ворид гардида буданд, боздошт ва пас гардонида шуданд.

Ҳамзамон Фарҳод Камолзода афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати тозагию беҳдошти аҳолии мамлакат аз ҳисоби мутахассисони Кумита гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ созмон дода шудаанд.

Гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар байни аҳолӣ беш аз се ҳазор суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар онҳо роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ баррасӣ карда шуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда корҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдошти аҳолии кишвар тақвият мебахшад.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 дар заминаи чор мақомоти давлатӣ –Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Самти фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар ҳолест, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: