Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Содироти маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш аст

Содироти маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш аст

17-01-2020, 10:00
Хабарро хонданд: 467 нафар
Назарҳо: 0
Содироти маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш астМаҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон зери тамғаи «MADE IN TAJIKISTAN» ба бозорҳои ҷаҳон роҳ ёфта, содироти он рӯ ба афзоиш аст. Бори нахуст дар таърихи саноати хӯроквории мамлакат содирот шудани маҳсулоти консервашудаи «Пиёзи анзур» ва «Ғураоб» ба Амрико, хушкмеваи «Тут» ба Туркия, нӯшобаи «Хуч» ва афшураи «Зардолу» ба Литва, обҳои маъданию ошомидании «Хаватаг», «Оби Зулол» ва «Сиёма» ба Озарбойҷону Аморати Мутаҳидаи Араб шаҳодати ин гуфтаҳост.

Тавре аз Вазорати саноати мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳоло дар саноати хӯрокворӣ беш аз 480 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ машғул буда, дар онҳо зиёда аз даҳ ҳазор нафар коргарону мутахассисон фаъолият доранд.

Тибқи иттилои сарчашма, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар cоли 2019 беш аз 5 миллиарду 373 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум наздик ба 110 фоиз ё беш аз 450 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки истифодаи хатҳои технологии муосир имконият фароҳам овард, ки имрӯзҳо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои соҳа талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳо ва ғайра пурра таъмин намуда, қисми он ба хориҷи кишвар содирот шавад.

Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ, дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, содироти он мунтазам афзоиш ёфта, дар соли 2019 маблағи 121,9 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,6 баробар ва ё беш аз 74 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: