Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Боздошт ва ҳабси ҷавонписари шубҳанок

Боздошт ва ҳабси ҷавонписари шубҳанок

16-07-2020, 11:03
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Боздошт ва ҳабси ҷавонписари шубҳанок

Санаи 14-уми июли соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои ғайриахлоқонаи як ҷавонписари тахминан 20 – 25 сола ба сӯи роҳгузарон инъикос ёфтааст. Баъд аз ба сомонаҳои интернетии иҷтимоӣ роҳ ёфтани ин навор амалу кирдорҳои ғайриахлоқию берун аз одоби инсонии ин ҷавонписар мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону корбарони сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифт.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, дар натиҷа ҷавони бадахлоқи дар навор инъикосёфта муайяну ошкор карда шуда, ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе хабар доданд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Хумаров Сиёвуш Акбаралиевич соли тавалудаш 27.02.2000 зодаи шаҳри Турсунзода, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон буда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯши ҳар гуна бозичаҳои кӯдаконаву пахтақанд (сладкая вата) машғул будааст.
Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда санаи 14-уми июл, тахминан соати 5:40 дақиқаи субҳ дар ҳолати мастӣ зимни қарордошт дар кӯчаи К.Хуҷандӣ баъди пешоб кардан ба сӯи роҳгузарон ҳаракатҳои ғайриахлоқона намудааст.

Ин амалу кирдори берун аз одобу ахлоқи инсонии ӯ тавассути камераҳои назоратии манзили истиқоматии шаҳрвандон ба навор гирифта шудааст, ки далели ҷавони бадахлоқ будани ӯст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Хумаров Сиёвуш барои содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.

Айни ҳол ҷиҳати ошкору муайян намудани ҳолатҳои дигари даст доштани боздоштшуда Хумаров С. дар кирдорҳои бадахлоқона ва ҷиноятҳои ахлоқӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: