Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аз қаллобӣ то суиқаст ба ҷони баробар

Аз қаллобӣ то суиқаст ба ҷони баробар

7-07-2020, 14:28
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Аз қаллобӣ то суиқаст ба ҷони баробар
Амалиёти "Корд": Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби оҳанин ва кордҳои махсус (финка)

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт роҳандозӣ карда шудааст, ахиран дар шаҳри Душанбе як нафар сарчашма, яъне паҳнкунандаи чунин ашёҳо муайяну дастгир карда шуд.
Ин нафар шаҳрванд Слезен Дидор Сорбонович соли таваллудаш 12. 05. 1995 истиқоматкунандаи н. Фирдавсӣ, мебошад, ки ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард аз ҷумла корд машғул будааст.
Гуфта мешавад, номбурда ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. Дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди предметҳои ба сифати силоҳи сард истифдашванда аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус дарёфту мусодира карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.
Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Слезан Дидор барои ба таври ғайриқонунӣ ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифода шаванда машғул шудан, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Муноқишаи оилавӣ бо кордзанӣ анҷомид
Санаи 6-уми июли соли ҷорӣ бародарон, сокинони шаҳри Конибодом дар хонаи истиқоматиашон муноқиша намуда яке аз ҷониби дигаре бо корди хоҷагӣ маҷруҳ карда шудааст.
Гуфта мешавад, марди 40 сола бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ ҳамла кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 16-уми апрели соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини шаҳри Вахдат, даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ки арзишаш 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2020, зани 48-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо модаҳои 247, 114, 247 ва 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла” ки арзишаш 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: