Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Ҷинояткор дастгир гардид

ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Ҷинояткор дастгир гардид

30-07-2018, 08:22
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
 ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Ҷинояткор дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар ҳангоми ҳаракат дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шудааст ва ронандаи гунаҳгор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид. Осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад.

Барои дастгир намудани ҷинояткор ва 3 нафаре, ки бо ӯ ҳамроҳӣ доштанд, ҳамаи чораҳои зарурӣ аз ҷониби бригадаи тафтишотӣ андешида шуда истодаанд.

Дар минтақаҳои наздик ба ин мавзеъ — Сарбанд, Бохтар, Вахш, Панҷ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноятсодирнамуда муайян гардида, 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: