Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вазорати мудофиаи Русия озмоиши воксинҳои зидди COVID-19-ро шуруъ кард

Вазорати мудофиаи Русия озмоиши воксинҳои зидди COVID-19-ро шуруъ кард

2-06-2020, 14:09
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати мудофиаи Русия озмоиши воксинҳои зидди COVID-19-ро шуруъ кард
Вазорати мудофиаи Русия 50 довталабро аз шумори низомиён барои озмоиши воксини зидди COVID-19 интихоб кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.

Вазорат мехоҳад, воксинеро озмоиш кунад, ки бо иштироки Донишкадаи марказии илмиву таҳқиқотии вазорати мудофиаи Русия сохта шудааст. Нахустин гуруҳи довталабон рӯзи 3 июн воксин хоҳанд гирифт.

Ҳанӯз ибтидои моҳи апрел хабар расида буд, ки вазорати мудофиаи Русия дар сохтани воксини зидди вируси корона ширкат мекунад. Қарор аст, озмоиши клиникии воксина то охири моҳи июли соли ҷорӣ ба поён расад.

Александр Гинтсбург, академики Академияи илмҳои Русия рӯзи 22 май хабар дод, кормандони марказ воксини зидди вируси коронаро дар ҷисми худ озмоиш карданд ва "ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд".

Сергей Собянин, раиси шаҳри Москваи Русия ахиран гуфт, ки то замони сохтани воксини зидди коронавирус тадбирҳои беҳдоштии пешгирӣ аз ин вирус комилан бекор намешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: