Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Биёед мутаҳид бошем

Биёед мутаҳид бошем

3-05-2020, 08:41
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Биёед мутаҳид бошемБаъд аз нашри муроҷиатномаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар сахифаи фейсбукии он чанде аз дустон занг зада изҳори нигаронӣ намуданд, ки порае аз он дар «Радиои озодӣ» бознашр гардида, ба наҳви дигар ташреҳ шудааст.
Воқеан ба сомонаи «Радиои озодӣ» ворид гардида, шоҳиди он гардидам, ки як банди муроҷиатнома аз матни пурраи он иқтибос шуда, дар думболи он ба фаъолияти заифи баъзи ниҳоди масъул дар қиболи паҳншавии коронавирус ишора шудааст, ки аслан дар муроҷиатнома ин ҳадаф пайгирӣ нашудааст.
Аслан ҳадаф аз нашри ин муроҷиатнома даъват аз он буд, ки ниҳоди масъули давлатӣ ва ҷомеаи журналистии кишвар дар ин вазъияти мураккаб муттаҳид гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти пешомада ва паст кардани шиддати паҳншавии каронавирус иқдоми ҷиддӣ анчом диҳанд, вагарна ҳар тасмими дигаре, ки мо дар ин росто мегирем ба манфиати давлат ва ҷомеа нахоҳад буд. Дар муроҷиатнома инчунин пешниҳод шудааст, ки дар назди ситодҳои мубориза алайҳи каронавирус бо ҷалби мутахассисони ҳирфаии робита бо ҷомеа марказҳои иттилоотӣ таъсис дода шаванд, ки журналистон ба ҳайси сарчашмаи муътамад аз он истифода намоянд, то боиси паҳн гардидани иттилооти носанҷидаву ғалат ва сабаби дар ҷомеа паҳн гардидани тахмину гумонҳои беасос нагардад.
Вале мутаассифона дар гузориши «Радиои Озодӣ» ин қисми матлаб комилан сарфи назар шудааст, ки хилофи меъёри ахлоқи журналистӣ буда, дар ин вазъи мураккаб ба манфиати ҷомеа нест.
Имрӯз бахши азими журналистони ватандӯст аз он даъват менамоянд, ки аз нашри матлабҳои тафриқаангез худдорӣ намуда, саҳми худро ба ҳайси як узви комилҳуқуи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷиҳати бартараф намудани ин хатари фоҷиабор гузоранд. Банда низ дар ин мавқеъ қарор дошта дар матлабҳои пешинаи худ, аз ҳамин зовия даъват ба амал оварда будам ва бори дигар аз ҳамкасбони гиромӣ эҳтироман хоҳиш менамоям, ки наҷоти ҳар як инсонро муҳим шуморида, фарози ҳама гуна баҳсу талошҳое, ки вазъро боз ҳам ноором месозанд, гузорем.
Бахтиёр ҲАМДАМОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: