Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҶАВОНШАҲРИ КУҲАНТАЪРИХ

ҶАВОНШАҲРИ КУҲАНТАЪРИХ

30-04-2020, 11:21
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
ҶАВОНШАҲРИ КУҲАНТАЪРИХ
Масири Душанбе-Турсунзода бешак шоҳрагест, ки ба ҷисму ҷони пойтахт тавони тоза мебахшад. Тавассути ин шоҳроҳ метавон дар зарфи 15-20 дақиқа ва ҳатто камтар аз он ба шаҳри Ҳисор расид, ки бо ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои диданиаш таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб кардааст.
Ман, ки зодаи ин шаҳри бостонӣ ҳастам, ҳафтаи гузашта сармуҳаррири ҳафтанома Бахтиёр Ҳамдамовро дар як сафар ҳамроҳӣ мекардам, ки бо дастури Дастгоҳи марказии ҲХДТ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолиятҳои тарѓиботӣ дар самти корҳои саҳроӣ ва мушоҳидаи чораҳои эҳтиётӣ дар муқобила бо вабои нав-каронавируси COVID-19 вазифадор шуда буданд.
Баробари моро дар бинои комиҷроия дидан, ҳамсафон, ки дар ҳуҷраҳои худ саргарми кор буданд, ба истиқбол баромаданд. Ростӣ, кас хаёл мекунад, ки дар ин бино дастгоҳи марказии кадом як корхонаи истеҳсолӣ ҷойгир асту масъулин машѓули корҳои ҳамаррӯзаанд. Омадани чандин нафар аз сокинони шаҳр ба идораи комиҷроия барои ҳалли ин ё он масъала аз эътимоди мардум ба ҳизби пешбари ҷомеа дарак медиҳад. Гарчанде бинои комиҷроия кӯҳна аст ва сохтмони он ба солҳои 70-уми асри гузашта рост меояд, вале баъд аз таъмир идораи барҳаворо мемонад, ки кормандон бо дили гарм саргарми фаъолиятанд. Дар роҳраву бино шиору овезаҳо, акси Роҳбарияти олии ҳизб, сарварони собиқу имрӯзаи комиҷроия ва фаъолони ҳизбии шаҳр ба назар мерасанд.
Кумитаи иҷроия ба ҳолати имрӯза 79 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро муттаҳид кардааст. То 1-уми апрели соли 2020 8679 нафар аъзо ба рӯйхат гирифта шудааст, ки аз ин 4734 нафарашонро занон ва 3278 нафарро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд.
Дар он 8 воҳиди корӣ ва 3 нафар корманди шартномавӣ фаъолият дошта, шумораи аъзои Кумитаи иҷроия 25 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 10 нафар вакили шаҳрӣ ва 7 нафар вакили ҷамоат мебошанд.
Раиси комиссияи тафтишотӣ, ки 5 нафар аъзо дорад, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аст.
Дар Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ 3 шуъба – таблиѓот ва иттилоот, ташкилӣ ва омор ва шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон фаъолият менамояд.
Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар асоси ҷамъиятӣ фаъолият дошта, роҳбарии онро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Комилҷон Шарипов ба уҳда дорад. Инчунин, Шӯрои собиқадорони ҳизб дар асоси ҷамъиятӣ фаъолият менамояд, ки раисии он ба зиммаи Гадо Ҷӯраев – корманди шартномавии Кумитаи иҷроия вогузор шудааст.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов, ки худ дар набардҳои ҷанги Афѓонистон обутоб ёфтааст ва аз як бародари ҳамхунаш дар ин ҷанг ба таври абадӣ ҷудо шудааст ва бештар аз 10 сол кори ҷамъиятӣ - роҳбарии бахши дар шаҳри Ҳисор будаи Иттиҳодияи собиқадоронии ҷанги Афѓонистонро ба уҳда дорад, дар кори ҳизбӣ интизому тартиботи ҷиддиро пеша намуда, нисбат ба зердастон мушфиқу меҳрубон аст. ӯ, ки дар оилаи роҳбари вақти ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳр) ба воя расидааст, новобаста аз вазифаи баланди падар дар қатори фарзандони мардум ҳамроҳи бародаронаш дар сафи пеши хидмат ба Ватан-Модар қарор дошт ва имрӯз низ ҳамроҳи фарзандонаш ин рӯҳияро идома медиҳад. Раиси комиҷроия мисли он ки андешаҳои маро эҳсос карда бошад, аснои аз азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо дафтареро ба мо нишон дода гуфт, ки ин санади ташкилоти ибтидоии «Мирзо Ризо» аст, ки нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ аввалин шуда иҷро кардааст.
Дар ҳақиқат, тартибу ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо, графику нақшаи чорабиниҳо фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро ба низом медароранд. Дар комиҷроия номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар асоси талаботи Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ ба тартиб оварда шудааст. Ба гуфти раиси комиҷроия, давоми ҳар 3 моҳ ҳисоботи оморӣ гузаронида, мансубияти синну соли аъзои ҳизб муайян ва дар ҳуҷҷатҳо аз нав сабт мешаванд.
Фаъолияти тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ, новобаста аз мавқеи ҷойгиршавиашон, таҳти назорати комиҷроия қарор доранд ва ҳар гуна дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби мақомоти болоии ҳизб, роҳбарияти шаҳр ва комиҷроия дода мешавад, саривақт онҳоро огоҳ мекунанд
Феҳристи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ расонида шуда, мутахассисони ботаҷрибаи комиҷроия дар тартиб ва ҷобаҷогузории онҳо ба аъзои ташкилоти ҳизбӣ дастуру маслиҳатҳо медиҳанд. Натиҷаи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ аз фаъолияти хуби чанде аз ташкилотҳои ҳизбӣ, ки дар рафти санҷиш шинос шудем, шаҳодат медиҳад. Барои мисол, самараи дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ буд, ки маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи хуб гузашт. Чунончи, вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Сурайё Уроқова, аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 38 нафар ва аз 327 вакили ҷамоатҳо 323 нафар аъзои ҲХДТ мебошанд.
Аъзои ҳизби мо дастёри беминнати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳо буда, дар тамоми чорабиниҳо дар сафи пешанд.
Таъсис ва фаъолияти сомонаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор (hhdt-hisor.tj) имкон медиҳад, ки саривақт ташкилотҳои ҳизбӣ ва хонандагон аз он маълумоти заруриро ба даст оранд. Дигар паҳлӯи фаъолияти чашмраси КИ он аст, ки бештари корҳои полиграфиро, ки дар фаъолияти ҳамарӯза заруранд, бе хароҷоти иловагӣ дар дохили комиҷроия анҷом медиҳанд. Масалан, аз ҳисоби захираҳои дохилӣ принтери ранга, дастгоҳи нусхабардорӣ, чанд адад ноутбук ва дигар таҷҳизоти зарурии корӣ харидаанд, ки аллакай хароҷоти онҳо бароварда шудааст.
Фаррух Аловиддинов ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо пайваста таъкид мекард: «Муваффиқият аз худамон аст, шумо беҳтараш камбудиҳоро гӯед, ки мо ислоҳ кунем».
Тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, ҷой додани маълумоти оморӣ дар хотираи компютер, тартиби нақшаву гарфика ва сохти ҳисоботи гуногун дар шакли электронӣ барои дигар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо таҷрибаи омӯзиш аст.
Сармуҳаррири ҳафтанома Бахтиёр Ҳамдамов ба раиси комиҷроия маслиҳат дод, ки метавонад зимни баргузории машваратҳои омӯзишӣ аз ин гуна тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ба ҳамтоёни худ маълумот диҳад, зеро бо чунин тарз ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ба манфиати кори комиҷроияҳои ҳизбӣ аст.
- Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар оила мо тарбияи дурусту машѓулияти ҷиддиро омӯхтаем,-мегӯяд Ф. Аловиддинов ва меафзояд: - Ҳамроҳи бародарон ҳар пагоҳӣ аз рӯи реҷаи муайяншуда барвақт аз хоб хеста, ба тамрини бадан машѓул мешудем, сипас чанд дақиқа вақтро ба корҳои хона сафар мекардем. Баъдан сару рӯйро тоза шуста, наҳорӣ мекардем ва бо либоси тозаву дарзмолшуда ба мактаб мерафтем. Тибқи васияти падар кӯшиш мекардем, ки дар мактаб ва кӯча намуна бошем. Имрӯз бошад, дар коргоҳ пайваста интизоми қатъиро ба зердастон талқин ва ҳамеша таъкид мекунам, ки аъзои ҲХДТ бояд дар ҷомеа пешсаф ва намуна бошад.
Раиси комиҷроия ба суоли мо дар бораи фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизбӣ посух дод, ки мутаассифона, на дар ҳамаи идораҳои давлатӣ ба тарбияи идеологӣ эътибор медиҳанд ва ин масъаларо нодида мегиранд. Ба қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб нафарони зиёде аз ноадолатиҳои иҷтимоӣ, поймол шудани ҳуқуқҳояшон шикоят мекунанд. Дар навбати худ, дар доираи имкон барои ҳалли мушкилоти эшон мусоидат мекунем.
Ҳамроҳи раиси комиҷроия ба таври интихобӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти чанде аз ташкилотҳои ҳизбӣ ба корхонаву муассисаҳо рафтем. Дар ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор» (сарвараш Ҷамила Давлатзода), ки дар Коллеҷи омӯзгории шаҳр таъсис ёфтааст, 662 нафар аъзо, ки 500 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд, муттаҳид шудаанд. Дари ҳуҷраи алоҳидаи ташкилоти ҳизбӣ ҳамеша ба рӯи устодону толибилмон боз аст. Гӯшаи ҳизбӣ, ки хуб оро дода шудааст ва номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки дар папкаҳои алоҳида гузошта шудаанд, имкон медиҳад, ки хоҳишмандон маълумоти заруриро доир ба таърихи ҲХДТ, замони таъсиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, роҳбарони КИ, аввалин аъзои ҳизб, Оиннома ва дигар санадҳои лозимаро дастрас кунанд.
Дар Ташкилоти ибтидоии «Бойгонӣ» (сарвараш Тоҷиддин Расулов) низ гӯшаи ҳизбӣ таваҷҷуҳи корафтодагонро ҷалб мекунад. Ҳамаи 12 нафар кормандони муассиса, аз ҷумла 4 нафар бонувон аъзои ин ташкилоти ибтидоиянд. Албатта, нақши филиали Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, аз соли 1938 бад-ин сӯ дар нигаҳдории ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки дирӯзу имрӯзи минтақаи водии Ҳисор дар онҳо инъикос ёфтааст, калон мебошад.
Раҳораҳ аз дидани дигаргуниҳои шаҳр, ки дар доираи ҷашни 3000-солагиаш шуруъ шуда буд ва солҳои охир бо раванди тоза ҷараён доранд, хушҳол мешудем. Тибқи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2018-2020 симои он дигар мешавад, сохтмони иморатҳои гуногуни баландошёна, марказҳои савдо, бунёди гулгашту хиёбонҳои нав ва роҳҳои васеъ бо тарҳи муосир ба шаҳр ҳусни тоза мебахшанд.
Бино ба маълумоти шаҳрдори Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода, давоми як соли охир 12 корхонаи хурду калон мавриди истифода қарор гирифтааст. Инчунин ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 767 иншооти ба нақша гирифташуда, то имрӯз 261-тои он ба истифода дода шудааст, ки далели пешрафту ободии ин шаҳри ҷавону қадима аст.
Тавре дар ибтидо гуфтем, Ҳисор дар наздикии Душанбе аст. Ба ҳар ҳадде, ки он обод шавад, боз ҳам нишонаи ободии пойтахт аст.
Алӣ ҶӮРА,
хабарнигори «Минбари халқ»

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: