Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КОНФЕРЕНСИЯИ XV-УМИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

КОНФЕРЕНСИЯИ XV-УМИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

13-06-2017, 08:56
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
КОНФЕРЕНСИЯИ XV-УМИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ва беш аз 700 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар кори конференсия ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов ва раиси Комиссияи тафтишотӣ Абдуҳалим Самадов дар давоми дуюним соли фаъолият шунида шуд. Баъдан Нуралӣ Ҳайдаров, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён», Шуҳрат Аминов, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Ориёно» ва дигарон ба музокира баромаданд.
[thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2017-06/1497326639__dsc9282.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дар суханронии худ фаъолияти аъзо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро таҳлил намуда, таъкид кард, ки ҳизбиён дар иҷрои талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб бояд бештару беҳтар масъулиятшинос бошанд.
Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода зимни суханрониаш зикр намуд, ки «Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш рисолати сулҳу ваҳдатофаринӣ, бунёдкорию созандагиро ба зимма дошт. Давоми солҳои фаъолияташ нишон дод, ки чун нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба чунин рисолати худ содиқ аст.
Нақши аъзо ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хусусан дар маъракаҳои интихоботӣ, чорабиниҳои расмӣ, ташвиқоту тарғибот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, маъракаи ҳосилғундорӣ, аёдату дастгирии ниёзмандону маъюбон, пешгирии падидаҳои номатлуб, ба созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани аҳли ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ ниҳоят чашмрас аст.
Мо - аъзои ҲХДТ вазифадор ҳастем, ки самараҳои меҳнати халқи кишварро бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз намоем, онро ба мардум аз наздик, ба таври боварибахш нишон диҳем».[thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2017-06/1497326700__dsc9311.jpg[/thumb]

Баъдан бо ҷонибдории якдилонаи вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор интихоб гардиданд.
Дар охир ба як гурӯҳ ҷавонон, ки барои шомил шудан ба сафи ҳибариза дода буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: