Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ҳамватан» - дар меҳмонии мо

«Ҳамватан» - дар меҳмонии мо

16-07-2019, 14:03
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
«Ҳамватан» - дар меҳмонии мо Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид. Маҷлиси навбатӣ бо иштироки аъзои раёсати Кумитаи иҷроия, Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, раисон ва аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаю муассиса, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар аъзои фаъоли ҳизб баргузор шуда, дар кори он масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи аввали соли 2019, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсии “Обуна-2020” ба рӯзномаи ҷумҳуриявии ҳизбии “Минбари халқ” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти маҷлис фаъолияти хуби аъзои ҳизб - узви комиссияи тафтишотӣ - Сироҷиддин Каримзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии “Агротехсервис” Ҳусейн Давлатов, “Мӯъминобод” Абдумаҷид Мўминов, директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Ҳисор Азимов Гурез Ҷалилович хуб арзёбӣ ва бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор қадрдонӣ шуданд.
Дар кори маҷлис раиси Шӯрои ҷамъиятии “Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикон “Ҳамватан” дар вилояти Иркутски Федератсияи Россия Маликшоев Муриват иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҳамкорӣ ва дастгириҳои доимии намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор изҳори қаноатмандӣ намуд. Ў аз номи Ҷамъияти тоҷикони бурунмарзӣ ба раиси КИ ҲХДТ шаҳри Ҳисор Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ супорид.
Дар фарҷом ба як зумра аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: