Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Тамоку ва саломатии шуш»

«Тамоку ва саломатии шуш»

24-05-2019, 15:24
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
          «Тамоку ва саломатии шуш»Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку»
28 майи соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарякҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамоиш таҳти унвони «Тамоку ва саломатии шуш» баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш иштирокдорон масъалаҳоро доир ба хавфи истеъмоли тамоку, зарурати тадбирҳои самараноки паст кардани сатҳи истеъмоли он, нақши муҳими шуш барои саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як шахс, таъсири зараровари истеъмоли тамоку ба шуши инсон, аз саратон то ба бемориҳои музминро муҳокима хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 31 май дар тамоми ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку» таҷлил мегардад. Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти аҳолии ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Мутобиқи маълумоти ин ташкилот, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии давлат дониста, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муҳимияти пешгирӣ ва ё маҳдуд намудани ин масъаларо ба назар гирифта, 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Таҳрири нави қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул намудани ин қонунро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.           «Тамоку ва саломатии шуш»
Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ 31 майи соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ ном бурд.
«Раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо аз самтҳои асосии сиёсати худ қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи соли 2018 қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ мекунад»,- омадааст дар баёнияи ташкилот.
Ёдрас мешавем, ки медали Ташкилоти ҷаҳонии тандурустиро 19 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи он Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.
И.Тоҳир

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: