Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Кумитаи доимоамалкунандаи Кумитаи минтақавии аврупоии ТУТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Кумитаи доимоамалкунандаи Кумитаи минтақавии аврупоии ТУТ

12-10-2015, 13:00
Хабарро хонданд: 407 нафар
Назарҳо: 0
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Кумитаи доимоамалкунандаи Кумитаи минтақавии аврупоии ТУТ

Тавре директори Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) хонум Жужанна Якаб хабар дод, Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобан ба ҳайси аъзои Кумитаи доимоамалкунандаи Кумитаи минтақавии аврупоӣ ба мӯхлати аз 17 сентябри соли 2015 то 17 сентябри соли 2018 ворид гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи 65-уми Кумитаи минтақавии аврупоӣ, ки дар ш. Вилнюси Литва рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2015 баргузор гардид аз байни 53 кишвари аъзо 4 давлат, аз ҷумла Гурҷистон, Исландия, Италия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шуданд.
Барои шомил намудан ба ҳайати кумитаи доимоамалкунанда аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номзадии Юсуфӣ С.Ҷ., сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм пешниҳод гардида, аз тарафи Кумитаи минтақавии арупоӣ тасдиқ шудааст.
Дар баробари ин, тибқи низоми ягонаи Кумитаи минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳониии тандурустӣ 4 нафар шахсони таъингардида бояд дар ҷаласаҳои Кумитаи доимоамалкунандаи Кумитаи зикргардида ҳатман иштирок намоянд.
Интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳайат бори дигар аз мавқеи мустаҳкам доштани кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва эътироф гардидани он аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи умумиҷаҳонӣ дарак медиҳад.
©health.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: