Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку

Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку

20-06-2018, 08:25
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку
19.06.2018 18:40, шаҳри Душанбе


Нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Мукофоти олиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштан ба ин шарафи бузургро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карданд.

Мубориза алайҳи тамокукашӣ яке аз афзалиятҳои тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад, зеро корҳое, ки дар Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи тамоку анҷом меёбанд, қабл аз ҳама ба беҳдошти саломатии ҷомеа равона гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: