Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» оғоз гардид

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» оғоз гардид

25-04-2018, 07:10
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» оғоз гардид


ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи оғоз гардидани «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ», ки 23-29 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Сардори Намояндагии Хазинаи Кудакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини, Сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич, намояндагони як зумра идораҳои марбута ва кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни суханронии худ зикр кард, ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва бо иқдоми бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» гузаронида мешавад.

Сардори Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич дар навбати худ изҳор дошт, ки гузаронидани «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» барои ҷалб намудани диққати аҳолӣ ба эмгузаронӣ ҳамчун яке аз усулҳои асосии пешгирикунандае, ки инсонро аз бемориҳои сирояти эмин нигоҳ медорад, маънидод мегардад. Мақсади «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» пешгири намудан ва муҳофизат кардани кӯдакон аз сироятёбӣ мебошад».

Бояд гуфт, ки ҳамасола «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ» ба мавзӯъҳои гуногун бахшида мешавад. Соли равон ҳафтаи мазкур ба мавзӯи «Ваксинаҳо амал мекунанд» бахшида шудааст.

Эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатити В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, гемофилии типи b, гепотити В, фалаҷ ва сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ барои кӯдакони то 6-сола пешбинӣ шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: